Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси ҷаҳонии солимии шуш

Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси ҷаҳонии солимии шуш
Октябр 31
10:13 2019

Дар шаҳри Ҳайдарободи кишвари Ҳиндустон 50-умин Конфронси ҷаҳонии солимии шуш  ҷараён дорад.

Тавре Директори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибихонум Дарвешзода аз шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон ба moh.tj иттилоъ дод, конфронси мазкурро Паула Фудзивара, роҳбари илмии Шӯрои байналмилалии мубориза бо бемории сил оғоз бахшид.

Дар конфонси мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Аслиддин Раҷабзода, Директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Директори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибихонум  Дарвешзода, Директори Муассисаи давлатии “Маркази бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” Фируз Шарипов, намояндагони дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон”  муаррифӣ менамоянд.

-Дар ин конфронс табибон, коршиносон, созмону ташкилотҳое, ки дар самти мубориза алайҳи бемориҳои шуш, аз ҷумла сил фаъолият менамоянд, иштирок ва суханронӣ менамоянд, ба ҳамдигар табодули таҷриба мекунанд, аз вазъи кишварҳои худ дар самти мубориза бар зидди бемории сил мубодилаи афкор менамоянд. Ҳамчунин, роҳбарияти созмонҳои мухталифи ҷаҳонии дар ин самт фаъолиятдошта, ки ин  ҷо ҷамъ омадаанд, лоиҳаҳои минбаъдаро барои мубриза  бо бемориҳои шуш, аз ҷумла сил пешниҳод менамоянд.

Имрӯз шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон маконе гардидааст, ки кулли коршиносонро аз тамоми давлатҳо гирд оварда, такони наверо дар самти мубориза бар зидди  бемориҳои шуш бахшидааст.

Баргузории ин конфронс дар Ҳиндустон аз он ҷиҳат сурат гирифтааст, ки дар ин ҷо сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои шуш, махсусан сил хеле зиёд мушоҳида мегардад.

Ҳамчунин, дар ин конфронс ваксинаи нави пешгирӣ аз бемориҳои сил муаррифӣ карда шуд, ки он таҳаввулоти ҷадидеро дар бахши силшиносӣ ба вуҷуд хоҳад овард,-афзуд Бибихонум Дарвешзода.

Маврид ба ёдоварист, ки Шӯрои байналмилалии мубориза бо бемории сил 140 давлати дунёро фаро гирифтааст ва ҳадафи он то соли 2025 сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои шуш, аз ҷумла силро дар ҷаҳон, махсусан дар Ҳиндустон коҳиш додан аст.

Дар ҷараёни конфронс имрӯз, 31 октябри соли равон сарояндаи шинохтаи эстрадаи тоҷик Нозияи Кароматулло  ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

P.S: Аз ҷараёни ин конфронси сатҳи баланд боз  иттилоъ хоҳем дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,161
  • 1,168
  • 841,647