КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ: бунёд, таъмир ва тармими муассисаҳои тиббӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ: бунёд, таъмир ва тармими муассисаҳои тиббӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
Ноябр 18
10:01 2019

Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншоотҳои тандурустӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо вусъат идома дорад.

Аз ҷумла ба ҳолати ҳозира таъмири Маркази саломатии ноҳиявӣ аз тарафи соҳибкорон идома дошта, то имрӯз дару тирезаҳо ва болопӯши он иваз карда шуда, дар ҳуҷраҳои кории он бошад, таъмир рафта истодааст. Инчунин, Маркази саломатии деҳоти Халифаев аз таъмири асосӣ бароварда шуда, сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Таги намак оғоз гардидааст. Ҳамзамон, зикр намудан ба маврид аст, ки сохтмони Маркази саломатии деҳоти деҳаи Пушкин дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамон аз ҷониби соҳибкори ҳимматбаланди маҳаллӣ сохта шуда, рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳад шуд.

Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз дар муассисаҳои бахши бистарикунонии ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Аз ҷумла бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бинои шӯъбаи таваллуди Беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аз таъмири асосӣ бароварда шуда, чанде қабл ба муносибати ҷашни 28-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Айни ҳол ошёнаи якуми шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмир фаро гирифта шудааст. Инчунин, дар Беморхонаи марказии ноҳия сохтмони бинои зали конфронсӣ идома дорад.

Дар Беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Турдиев аз ҷониби соҳибкорон таъмири асосӣ оғоз ёфта, дар саҳни Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сохтмони бинои шӯъбаи бемориҳои кӯдакона барои 50 кат аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Қобили зикр аст, ки аз тарафи ҶДММ «Беҳдоштӣ» дар Беморхонаи марказии ноҳияи номбурда озмоишгоҳ бо таҷҳизоти нав кушода шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба ҷуз Беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои рақамии деҳотӣ, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла 1 маркази саломатии ноҳия, 20 марказҳои саломатии деҳотӣ ва 23 бунгоҳҳои саломатии деҳотӣ, ки дар маҷмӯъ 56 муассисаҳои соҳаи тандурустиро ташкил мекунанд, дар хизмати мардуми ноҳия мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Октябр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« செப்    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 339
  • 598
  • 442,239