Озмуни Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Апрел 02
14:25 2020

Номи Лоиҳа: “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон”

1.Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа

Мақоми ҳуқуқӣ: Лоиҳа тибқи Созишномаҳои қолабӣ ва молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд, ки 28 августи соли 2019 ба имзо расида ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Точикистон аз 18 декабри соли 2019 тасдиқ (ратификатсия)  шудааст, аз моҳи марти соли 2020 аз тарафи Бонки Исломии Рушд самарнок (effective) эълон гардидааст.

Мақоми татбиқкунанда: Бо мақсади амалисозии лоиҳа дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа таъсис дода мешавад. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода роҳбари Лоиҳа маҳсуб меёбад.

Ҳадафҳои лоиҳа: Беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи кӯмаки авввалияи тиббию санитарӣ ва госпиталӣ дар чор ноҳияҳои вилояти Хатлон.

Самтҳои асосӣ ва қисматҳои лоиҳа:

Қисмати 1: Дастраснамоии таҷҳизот ва рушди инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ: Қисмати зикргардида аз зерқисматҳои чунин иборат аст:

1)   Корҳои сохтмонӣ: Лоиҳа соҳтмони Маркази саломатии бисёрсоҳавии н. Данғараро ба анҷом мерасонад, таъмир ва барқарорсозии Беморхонаи марказии шаҳри Норак ва сохтмони беморхонаи марказии н. Ховалингро дар бар мегирад.

2)   Таҷхизотҳо ва маводҳои тиббӣ: Таҷҳизотҳо ва маводҳои таббӣ ба беморхонаҳои марказии чор ноҳияҳои таҷрибавӣ ва МСБ Данғара дастрас мегарданд. Лоиҳа дар баробари ин ба 87 хонаи тиббӣ, 42 марказҳои саломатии ноҳиявӣ ва деҳотӣ таҷҳизоти заминавӣ ва 9 мошини пурра ҷиҳозонидаи ёрии фаврии тиббӣ барои беҳтар намудани системаи итиқоли беморон пешниҳод менамояд.

Қисмати 2:Дастгирии рушди институтсионалӣ ва захираҳои инсонӣ.

Қисмати мазкур хизматрасониҳои машваратии алоқаманд ва  чорабиниҳои баланд бардоштани иқтидор/тренингҳоро маблағгузорӣ менамояд.

Қисмати 3: Чорабиниҳо оид ба баландкунии иттилоотнокӣ

Қисмати 4: Дастгирии идоракунии лоиҳавӣ.

Барои самаранок амалӣ намудани  Лоиҳаи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовирони зеринро ба кор мегирад:

  1. Менеҷери Лоиҳа
  2. Ҳамоҳангсоз/Мутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Лоиҳа
  3. Мутахассис оид ба идоракунии молиявӣ/ муҳосиб
  4. Мутахассис оид ба харид
  5. Муҳандис-бинокор
  6. Тарҷумони забони англисӣ
  7. Котиб

Маълумоти иловагиро вобаста ба мушаххасоти техникии зарурӣ метавонед аз сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – moh.tj ё аз Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии вазорат, сардори шӯъбаи мазкур Раҳимова Р.А. (тел:+992372211330  email- r.anisa@mail.ru ) дастрас намоед.

Санаи охирони баррасии ҳуҷҷатҳо рӯзӣ 20 марти соли 2020 (10:00 бо вақти Душанбе) муайян шудааст. Ҳуҷҷатҳое, ки баъд аз замони муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешаванд.

Интихоби мушовирон дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Бонки Исломии Рушд амалӣ карда мешавад.

Танҳо нафарони пурра ба талаботи дар мушаххасот мувофиқбуда ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳо ба суроғаи зерин метавонанд супорида шаванд: 734025, ш. Душанбе, куч. Шевченко 69, Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъба Раҳимова Р.А.)

Телефон барои тамос: +992372211330

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,187
  • 1,168
  • 841,673