ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ. Пандемияи коронавирус нишон медиҳад, ки инсонҳо ба саломатии худ бояд на танҳо як рӯз, балки тамоми рӯзҳои солро бубахшанд

ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ. Пандемияи коронавирус нишон медиҳад, ки инсонҳо ба саломатии худ бояд на танҳо як рӯз, балки тамоми рӯзҳои солро бубахшанд
Апрел 07
13:35 2020

Шурӯъ аз соли 1950 ҳамасола  дар саросари ҷаҳон бо ташаббуси Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) 7 апрел  Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ  таҷлил карда мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз  тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бардам нигоҳ доштани худ ва аҳли ҷомеа мебошад.

Саломатӣ гавҳари ноёбест, ки ба он на як рӯз, балки тамоми рӯзҳои солро бояд бахшид. Махсусан дар шароити имрӯзае, ки аҳолии сайёраро раванди соат ба соати гирифторшавӣ ба вабои аср- коронавирус сахт нигарон кардааст.

Вобаста ба ин ва дигар суолҳои марбут ба ин беморӣ ва роҳҳои пешгирии он  хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло АЛИЗОДА бо сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахт ҲАСАНОВ ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Мушкилоте, ки имрӯз аҳли ҷомеаро нигарон кардааст, ин бемории сироятии коронавируси COVID-19 мебошад. Баъзе  шаҳрвандон хабарҳои беасосе паҳн мекунанд, ки гӯё дар мамлакати мо низ ҳолатҳои сироятёбӣ аз ин вирус ошкор гардидаанд. Шумо, ки мутахассиси соҳа ҳастед ва ҳамарӯза вазъияти мазкурро таҳлилу баррасӣ менамоедбигӯед, ки вазъи воқеӣ чӣ гуна аст?

Хушвахт Ҳасанов: Хушбахтона, то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст ва барои асосноксозии гуфтаҳои худ хусусиятҳои беморӣ ва ҳолатҳои зуд паҳншавии онро мисол оварда метавонам, зеро он ҳеҷ имкони пинҳонсозӣ надорад. Пинҳон намудани ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 ба ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳеҷ манфиате надорад ва ҳеҷ зарурат ба пинҳон намудани ин беморӣ нест. Аз ин рӯ аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна гапҳои беасос бовар накунанд, зеро тарсу ҳарос яке аз омилҳои мубтало гардидан ба дигар бемориҳо мебошад.

Дар ин баробар Роҳбари Намояндагии доимии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон Галина Перфилйева низ  зимни мусоҳибаи худ мавҷуд набудани коронавирусро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон дошт.

Як омили асосии то имрӯз дар ҳудуди давлати мо ҷой надоштани ҳодисаҳои сирояти ин вирус- ин дар доираи амалисозии сиёсати  давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кормандону мутахассисони соҳа роҳандозии чорабиниҳои асоснок мебошад. Махсусан аз рӯзҳои аввали паҳншавии бемории мазкур дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  ташкил намудани дидбонгоҳи назорати шабонарӯзии санитарию беҳдоштӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ  ва  то имрӯз ба давраҳои карантинӣ фаро гирифтани шахсоне, ки аз минтақаҳои паҳнгаштаи бемории коронавируси COVID-19 ба ҳудуди ҷумҳурии мо ворид мешаванд, мебошад. Инчунин равона намудани таваҷҷуҳи махсус ба баланд бардоштани огоҳсозии ҷомеа вобаста ба ҳолатҳои санитарию беҳдоштии фардӣ ва муҳити атроф тавассути ташкили вохӯриву суҳбатҳои инфиродиву дастаҷамъӣ бо истифода аз имкониятҳои воситаҳои ахбори омма ва паҳн намудани буклету брошюраҳо аз ҷумлаи ин корҳост.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар мамлакат Маркази иттилоотии зиддибуҳронии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шудааст. Мехостем роҷеъ ба зарурат ва фаъолияти ин марказ маълумот диҳед.

Хушвахт Ҳасанов:  Мақсади асосии ташкили чунин марказ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ- ин ҳамоҳангсозии фаъолияти алоқаманд ва ташкили чорабиниҳо оид ба пешниҳоди саривақтии хизматрасонии босифати тиббию санитарӣ ба ниёзмандон буда, дар ҳамин радиф телефони боварии 511 фаъол гардидааст,  ки шабонарӯзӣ барои додани посухи асоснок ба муроҷиаткунандагон мутахассисони баландихтисоси соҳа вобаста шудааст. Инчунин дар сомонаи вазорат бо суроғаи https://moh.tj/ саҳифаи алоҳида боз шудааст, ки аз он маълумоти заруриро вобаста ба бемории коронавирусии COVID-19 пайдо кардан мумкин аст.

АМИТ «Ховар»:  Мехостем шарҳ диҳед,  ки коронавирус чӣ гуна беморист?

Хушвахт Ҳасанов: Мухтасар карда гӯем, вирусҳо ин мавҷудоти ғайриҳуҷайравӣ буда, давраи ҳаётиашон дар дохили ҳуҷайра мегузарад. Вобаста ба фарзияҳои пайдоиши вирусҳо сухан намегӯем ва зикр  менамоем, ки таркиби вирусҳо аз сафеда ва кислотаҳои нуклеинӣ иборат буда, ядро надоранд. Аз ин рӯ, олимони ҷаҳон вобаста ба сохт ва хусусияти вирусҳо дар пайи дарёфти табобати хосаи бемориҳои сироятии вирусӣ мебошанд. Шумо огоҳӣ доред, ки бемории сироятии коронавируси COVID-19 моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби табибону олимони Ҷумҳурии Мардумии Чин  ташхис ва дарёфт гардид. Дар ин муддат муайян шуд, ки вируси мазкур хусусиятҳои мутатсионӣ ва дар давраи ҳаёти пинҳониаш (давраи инкубатсиониаш) дар бадани шахси сироятёфта ҳамчун манбаи сироят қобилияти сироятнамоии дигаронро доштааст. Ҳамин тавр, аз он ки вирус нав кашф шудааст, омӯзишҳои илмӣ вобаста ба он идома дошта, вақти бештарро талаб менамоянд.

АМИТ «Ховар»:  Феълан чанд намуди коронавирус ошкор гардидааст ва вирусе, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, аниктараш COVID-19 аз дигар вирусҳо чӣ тафовут дорад?

Хушвахт Ҳасанов: То ин замон дар ҷаҳон зиёда аз 40 намуди коронавирус ошкор ва мавриди омӯзиши олимон қарор гирифтааст. Фарқияти вируси нави COVID-19 аз дигар вирусҳои ҳамноми худ он аст, ки хусусияти мутатсионӣ  дошта, дар давраи ҳаёти пинҳонӣ дар бадани шахси сироятёфта ҳамчун манбаи сироят қобилияти сироят намудани дигар шахсро дорад.

АМИТ «Ховар»: Нишонаҳои клиникии бемории сироятии коронавирус кадомҳоянд ва аз дигар бемориҳои сироятӣ онро  чӣ гуна метавон фарқ кард?

Хушвахт Ҳасанов: Нишонаҳои бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 ба бемории зукоми мавсимӣ шабоҳати наздик дошта, давомнокии давраи беморӣ дар COVID-19 аз 2 то 6 ҳафтаро дар бар гирифта, дар 20 фисади мавридҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ таъсираш ба системаи муҳофизатии бадан ва системаи роҳи нафасу шуш сахттар мебошад. Аз ҷамлаи нишонаҳояш — ин дар 90 дар сади ҳолатҳо баландии ҳарорати бадан баробар ба 38-390 С, дар 80 фисади ҳолатҳо сулфаи хушк, дар 20 фоизи ҳолатҳо вазнинӣ дар қафаси сина, дар 15 дар сади ҳолатҳо нафастангӣ инчунин, дар баъзе мавридҳо паст гардидани ҳарорати бадан, дарди сар, шикамравӣ, таппиши баланди дил мушоҳида мешаванд.

АМИТ «Ховар»:  Оё баробари фавти беморон аз коронавирус вируси мазкур низ аз байн меравад?

Хушвахт Ҳасанов: Мувофиқ ба маълумоти дастрас, мутобиқи хусусиятҳои бемории коронавирусии COVID-19, агарчанде баъд аз фавтидан роҳҳои интиқоли ҳавоию қатрагӣ қатъ гарданд ҳам, мутаассифона, ҷасад ҳамчун манбаи сироят боқӣ мемонад.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар мамлакат чӣ миқдор тест мавҷуд аст ва агар зарурати гузаронидани шаҳрвандон аз он  ба миён ояд, ҷараёни он чӣ гуна сурат мегирад?

Хушвахт Ҳасанов: Хушбахтона, имрӯз зарурати фарогирии саросарии аҳолии Тоҷикистон ба озмоиш ё худ тесткунӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 ба миён наомадааст. Тибқи тартиби муайяншуда, танҳо шахсоне ба озмоиш фаро гирифта мешаванд, ки дар онҳо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ мушоҳида мешаванд. Таҳлилҳои тестӣ дар шароити озмоишгоҳӣ бо услуби таҷзияи полимерию занҷиравӣ, ки давомнокиаш аз 6 то 24 соатро дар бар мегирад, гузаронида мешаванд. Яъне натиҷаи ҳар як ташхис баъд аз 6 то 24 соат маълум мегардад.

Айни ҳол захираи тест-системаҳо зиёда аз 27 000 ададро ташкил медиҳад. Тест-системаҳои мазкур дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия аз ҷониби Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия (Роспотребнадзор), инчунин Созсони умимиҷаҳонии тандурустӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷудо ва дастрас шудаанд.

АМИТ «Ховар»:  Тест-системаро  барои шаҳрвандон шарҳ медодед.

Хушвахт Ҳасанов:   Тест-система- ин маҷмӯи маводи кимёвие мебошад, ки ҳангоми ташхисҳои озмоишгоҳӣ молишакҳои аз гулӯ ва ё бинии шахси гумонбаршуда ва ё бемор гирифта шуда, барои муайян намудани солимӣ ва ё беморӣ истифода мегарданд.

АМИТ «Ховар»:   Хуб мешуд доир ба вазъи буду боши он нафароне, ки дар карантин қарор доранд, маълумот диҳед ва бигӯед, ки дар ҷумҳурӣ кадом беморхонаҳо бо ин мақсад пешбинӣ шудаанд?

Хушвахт Ҳасанов: Яке аз иқдомҳои асосӣ дар самти пешгирии паҳншавии сироятёбӣ ба бемории коронавирусии COVID-19- ин амалисозии чорабиниҳо вобаста ба фарогирии шахсони дар тамос буда ба давраи карантин, ки мувофиқи тавсияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 14 рӯз муайян шудааст, мебошад. Барои бистарӣ намудани онҳо дар осоишгоҳу фароғатгоҳҳо ва баъзе аз муассисаҳои тандурустӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳрҳои Душанбею Турсунзода, ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш ва дараи Варзобу Ромит ҳамаи шароити будубош, доруворию хӯрокӣ ва хизматрасонии тиббии ройгон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва шахсони саховатманд таъмин шуда истодаанд.

АМИТ «Ховар»: Масъалаи дигаре, ки норӯшан боқӣ мемонад, ҳамон нафароне мебошанд, ки аз коронавирус шифо ёфта, ба хонаҳои худ баргаштаанд. Ин дар ҳолест, ки то ин муддат ҳеч ваксинае бар зидди ин вирус ихтироъ нагардидааст. Аниқтараш, чанде пеш ваксинае ихтироъ шуд, ки алҳол дар озмоиш қарор дорад. Пас ин нафарон чӣ гуна шифо ёфтанд?

Хушвахт Ҳасанов: То ҷое иттилоъ дорем, давраи табобати сироятёфтагони бемории коронавирусии COVID-19 аз рӯи аломатҳои беморӣ анҷом дода мешавад. Аломатҳои бемории мазкур ба аломатҳои бемории зукоми мавсимӣ, ки дар Тоҷикистон пайваста фаслҳои тирамоҳу зимистон бештар мушоҳида мешаванд, шабоҳати наздик доранд.

Содатар карда гӯем, табобат аз рӯи аломати зоҳирии бемор ва шиддатнокии раванди он анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, таъйин намудани маводи доруворие, ки ҳолати муқовиматии бадан (имунитет) – ро баланд мебардорад, ҳароратро паст ва сулфаро бартараф менамояд, инчунин  дигар таъйинот мувофиқи шиддат ва аломатҳои беморӣ тавсия дода мешаванд.

Дар ҳақиқат имрӯз дар озмоишгоҳҳои пешрафтатарини дунё барои ихтироъ намудани ваксина ё зардоба ихтироъкориҳо анҷом ёфта истодаанд, ки расидан ба натиҷаи дилхоҳ давраҳои тӯлониро талаб менамояд. Махсусан давраи озмоишҳои клиникӣ.

АМИТ «Ховар»: Албатта, беҳтарин роҳи табобати маризӣ — ин пешгирӣ аз он мебошад. Барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ чӣ тавсияҳо медиҳед?

Хушвахт Ҳасанов: Қариб сарчашмаи тамоми бемориҳо- ин риоя нагардидани ҳолатҳои санитарию беҳдоштии фардӣ ва муҳити атроф, хӯрокпазиву хӯрокхӯрӣ, инчунин номуназзамӣ дар зиндагӣ мебошад. Дар урфият беҳуда науфтаанд, ки “Табиби ман ба ғайри ман касе нест”. Аз ин рӯ, ба ҳамагон тавсия медиҳам, ки ба қоидаҳои ҳолатҳои санитариву беҳдоштии фардӣ ва муҳити атроф (хонаву кӯчаҳо) диққати пайваста дода, ҳангоми пухтану хӯрдани хӯрок бодиққат бошанд. Инчунин дар зиндагии худ танзимкор буда, ба ҳар як ҳолат дар ҳаёти худ дуруст бархурд намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 335
  • 908
  • 385,459