COVID-19. Муовини Сарвазири Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи корӣ доир кард

Май 29
13:21 2020

Тибқи  дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ дар   шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ  баромад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, субҳи имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси ноҳия Рустам Акрамзода, намояндагони Кумитаи кор  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварони дармонгоҳҳо, роҳбарони марказҳои саломатӣ ва фаъолони ноҳия ҷаласаи корӣ баргузор  намуд.

Муовини Сарвазири мамлакат вобаста ба гузаронидани суҳбатҳо байни аҳолӣ, дарёфти нафарони табашон баланд, равон намудани онҳо ба беморхонаҳо ва дигар масъалаҳои муҳим аз масъулини соҳаи тандурустӣ ва роҳбарони марказҳои саломатӣ пурсон шуд.

Зикр гардид, ки айни замон дар ноҳияи Рӯдакӣ  маркази саломатӣ ноҳиявӣ, 30 маркази саломатӣ дар деҳот ва 81 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият мекунанд. Дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус тадбирҳо пурзӯр карда шудаанд. Тибқи иттилои масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия, ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ бо истифода аз нақлиёту дастгоҳҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд. Барои иҷрои саривақтии корҳои безараргардонӣ миқдори заруриии маҳлулҳо захира карда шудаанд.

Дар ин самт корҳо аз ҷониби марказҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ низ тақвият дода шуда, табибони оилавии ҳамаи марказҳои саломатӣ имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати солимии сокинонро дар мадди аввал қарор додаанд. Маводи доруворӣ, корҷомаҳо ва дигар лавозимоти  тиббӣ ба таври кофӣ захира карда шудаанд.

Муовини Сарвазири мамлакат дастур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, гардиши хона ба хонаи табибони оилавӣ ва ташхиси саривақтии нафарони дорои нишонаҳои коронавирус ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда,  дар ин  роҳ фаъолияти масъулин, занону ҷавонон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ  ҷоннок карда шавад.

Дар интиҳои ҷаласа Ширин Исматуллозода ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият, пеш аз ҳама, иҷрои саривақтии корҳои безараргардонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хотиррасон мешавем, ки чунин ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода дирӯз дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав ва имрӯз дар ноҳияи Варзоб низ баргузор гардид. Ҳоло Гуруҳи корӣ  дар шаҳри Ваҳдат қарор дорад.

 ДАР АКСҲО: ҷаласаи корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 67
  • 662
  • 461,436