Баргузории курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои табибони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ

Баргузории курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои табибони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ
Июн 03
15:23 2020

Бо мақсади бозомӯзии табибони ихтисосҳои маҳдуд доир ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии корнавируси COVID-19 тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншоотҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, як қатор кормандони соҳаи тандурустии мамлакат ба курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуданд.

Аз ҷумла, чанде қабл дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои 40 нафар табибони ихтисосҳои маҳдуди беморхонаҳо ва Марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷониби мутахассисони кафедраҳои донишгоҳ гузаронидани курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ оғоз гардид.

Курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ тариқи интерактивӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К. аз ҷониби мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи донишгоҳ н.и.т., дотсент Саидмуродова Г.М. ва мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3-и донишгоҳ д.и.т., профессор Мустафоқулова Н.И. оид ба муоина, ташхис, табобат, реабилитатсияи беморон бо коронавируси нав ва роҳҳои худмуҳофизатии табибон аз рӯи тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ), “Протоколи клиникии муваққатии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сироятии короновирусии нави COVID-19 дар байни кӯдакон”, “Дастурамали муваққатӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии коронавирусӣ – COVID-2019”, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд ва таҷрибаи табибони давлатҳои хориҷӣ гузаронида шуда истодааст. Курси кӯтоҳмуддати омӯзишии мазкур аз 02.06 соли 2020 то 04.06 соли 2020 гузаронида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 324
  • 908
  • 385,448