Ғизои солим-заминаи асосии солимии инсон аст

Ғизои солим-заминаи асосии солимии инсон аст
Июн 08
08:37 2020

Ғизои дуруст ин асоси некӯаҳволӣ ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Ҳар он чизе, ки инсон истеъмол менамояд, ба намуди зоҳирӣ ва рӯҳияи ӯ таъсири хуб мебахшад. Ҳар як шахс бояд ҳамарӯза тарзи дуруст истеъмол намудани ғизоро риоя намуда, баҳри солимии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Вобаста ба дуруст истеъмол намудани ғизо, моро мебояд ба тарзи истеъмоли дурусти он, аз ҷумла чӣ гуна итеъмол намудани хӯрок, инчунин  дар таркиби хӯроке, ки истеъмол менамоем, чӣ гуна калорияҳо мавҷуд аст, аҳамияти ҷиддӣ бидиҳем. Бояд гуфт, ки тарзи дуруст истеъмол намудани ғизо  рушд, ҳаёт ва саломатии бадани ҳар як одамро таъмин мекунад.

Ғизои дуруст дар таркибаш ҳама гуна моддаҳои фоиданокро дар бар гирифта, ба шахс таъсири мусбат  мерасонад, инчунин, бо риояи истеъмоли дурусти ғизо инсон метавонад вазъи саломатии хешро солим нигоҳ дорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 2019 Созмони Милали Муттаҳид 7- июнро ҳамчун Рӯзи бехатарии ғизо дар тамоми ҷаҳон эълон кард. Мақсад аз эълон намудани 7 -июн ҳамчун Рӯзӣ бехатарии ғизо дар тамоми ҷаҳон ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ғизо ва дар ин замина беҳтар намудани вазъи саломатии сокинони сайёра мебошад. Бояд гуфт, ки бехатарии ғизо ин дастрасии аҳолӣ ба маҳсулотҳои ғизоӣ буда, ҳар як нафарро мебояд, ки ғизоро оқилона ва самарабахш истеъмол намояд.

Лозим ба ёдоварист, ки бехатарии ғизо асосан аз соҳаҳои ба ҳам пайванди мухталиф, яъне соҳаи тандурустӣ, хоҷагии қишлоқ, савдо, саноат, туризм ва муҳити зист вобастагии зиёд дорад. Ҳар як маҳсулоте, ки имрӯз мардум харидорӣ ва аз он ғизо омода мекунанд, бояд, ки ба санаи муҳлати истеъмоли он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, чун он маҳсулотҳое, ки ба талабот ҷавобгу нестанд ва муҳлати истифодабариашон гузаштааст, метавонанд инсонро ба ҳар гуна беморӣ, аз ҷумла ба мубталои бемории дилу рагҳои хунгард оварда расонанд.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки он нафароне, ки ба омода намудани ғизо сару кор доранд, масъулияти бештар бар души онҳо мебошад, зеро ҳар як кадбону пеш аз омода намудани ғизо сараввал бояд ба нохунҳо ва тоза шӯстани дастонаш аҳамияти ҷиддӣ бидиҳад. Инчунин, нафароне, ки ба пухтани хӯрок сару кор доранд, бояд он маҳсулотҳоеро, ки барои омода намудани  ғизо мегиранд,  пас аз шӯста ва тоза намудан ғизо омода намоянд.

Агар шахс хоҳад, ки истеъмоли ғизои дурустро риоя намояд, пас ӯ бояд аз истеъмоли хӯрокҳои нимпухта, аз лиҳози гушти гов, мурғ ва ғизоҳои равғание, ки дар таркибашон сафедаҳо ва карбогидратҳо мавҷуданд, худдорӣ намоянд. Ҳамзамон, он ғизоҳоеро, ки аз гӯшт омода мекунанд, бояд хуб бирён ва ё ҷӯшонанд.

Имрӯз дар дунё миқдори зиёди маҳсулотҳои гуногуни ғизоӣ истеҳсол мешаванд ва бехатарии онҳо барои саломатии инсон ниҳоят муҳим мебошанд. Дар дунё одамони зиёд  аз нодуруст истеъмол намудани маҳсулотҳои ғизоӣ ва ғизо мубталои бемориҳои гуногун гардидаанд.  Маҳсулотҳое, ки бо маводҳои кимиёвию бактерияологӣ олуда шудаанд, метавонанд одамро ба 200 намуди бемориҳо, аз ҷумла бемории саратон  гирифтор намоянд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар дунё ҳамасола зиёда аз 600 млн нафар одамон аз истеъмоли ғизои нодуруст ба ҳар гуна бемориҳои хатарнок мубтало мешаванд ва такрибан 4200 ҳазор нафари онҳо мефавтанд.

 Азиза Саидова

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 351
  • 908
  • 385,475