«ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ». Таҳти ин шиор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб кумак дастрас гардид

«ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ». Таҳти ин шиор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб кумак дастрас гардид
Июн 08
09:15 2020

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад». Ин таъкиди Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси мамлакат дастгирии ҳамаҷониба ёфта, баҳри таъмини шароити зарурии табобат дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, корҳои бунёдкориву барқарорсозӣ ва расонидани кумакҳои навбатӣ таҳти шиори «Шифо ва ҳамдилӣ» амалӣ карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилотию таҳлилии Раиси вилояти Хатлон хабар доданд, кумаки навбатии соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов таҳти шиори «Шифо ва ҳамдилӣ» ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дастрас гардид. Кумаки мазкур иборат аз маводи гуногуни доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра пурра ба тариқи ройгон дар ҳузури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муассисаҳои тандурустии шаҳр дастрас карда шуданд.

Директори маркази тибби оилавии шаҳри Кӯлоб Амирхон Айниев иброз дошт, ки бо мақсади таъмини таҷҳизоти зарурӣ ба беморхонаи ноҳиявии Ҷамоати деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ин соҳибкори ватанӣ ба 7 шуъбаи алоҳидаи ин беморхона хатҳои нафасгирии оксигенӣ кашида шуд, ки то ин вақт чунин шароит дар ин беморхона мавҷуд набуд. Бояд тазаккур дод, ки корҳои васлкунӣ ва пайваст намудани хатҳои нафасгирии оксигенӣ тайи як ҳафта боз дар ин беморхона ҷараён дошта, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ анҷом дода мешавад.

Мудири шуъбаи таваллуди беморхонаи ноҳиявии Кӯлоб Ҳусния Ғафурова зикр намуд, дар ин давраи ҳассос, ки тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистони моро низ фаро гирифта буд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва хосатан бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми беморхонаҳои кишвар, аз ҷумла ба беморхонаи ноҳиявии Кӯлоб иловатан ду таҷҳизоти наву замонавии нафасдиҳӣ дастрас гардонида шуд, ки дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ кумаки арзанда аст. Бо мақсади таъмини шароити зарурӣ бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин беморхона иловатан боз 40 хати нави нафасдиҳии сунъӣ дар ҳуҷраҳои махсуси табобатӣ васл гардид, ки иқдоми мазкур аз ҷониби табибони шаҳри Кӯлоб ба хушнудӣ пазируфта шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, корҳои васлкунӣ дар беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб низ оғоз гардида, дар ҳуҷраҳои табобатӣ 40 хати нави нафасдиҳии оксигенӣ кашида мешавад, ки иқдоми мазкур аз ҷониби аҳли кормандони соҳаи тиб ва сокинони шаҳри Кӯлоб ба хушнудӣ пазируфта шуд.

Бояд гуфт, ки таъмини шароити арзанда дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва умуман, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати мазкур аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси мамлакат дастгирии ҳамаҷониба меёбад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Октябр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« செப்    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 318
  • 598
  • 442,218