ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Данғара сохтмони Беморхонаи бемориҳои сироятӣ бо суръат ҷараён дорад

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Данғара сохтмони Беморхонаи бемориҳои сироятӣ бо суръат ҷараён дорад
Июн 30
12:04 2020

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сохтмони Беморхонаи бемориҳои сироятии панҷошёна барои 200 кат бо суръат ҷараён дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Бино ба иттилои манбаъ, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 27 июн соли равон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз беморхонаи мазкур дидан намуд.

Раиси вилоят ба аҳамияти зиёд доштани бунёди беморхонаҳои бемориҳои сироятӣ бо дарназардошти хуруҷи бемории сироятии нави коронавирус таъкид намуда, ба масъулин ҷиҳати пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд ба истифода додани он дастур дод.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли равон ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориши қатъӣ дода буданд, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи бемориҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони бинои беморхона соли 2016 оғоз гардида, тибқи нақша соли 2021 ба анҷом мерасад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 320
  • 908
  • 385,444