ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ БАРГУЗОР ГАРДИД
Июн 30
15:56 2020

Имрӯз, 30 июни  соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусамадзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Дар мавзӯъи аввали рӯзномаи ҷаласа, яъне “Таҳлили фавти кӯдакони синни то 5 сола дар муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2019 ва панҷ моҳи соли 2020” Зоир Набиев, Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи  вазорат баромад намуд.

Қайд карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ  716 нафар табибони соҳаи хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон фаъолият доранд, ки аз ин шумора 571 (80%) нафарашон дар сатҳи госпиталӣ ва 145 (20%) нафарашон дар сатҳи шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)  фаъолият менамоянд.

Зикр гардид, ки баҳри паст намудани сатҳи беморшавӣ ва фавти кӯдакон, алалхусус навзодон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Таъмини сатҳ ва сифати саломатии кӯдакон, аз он ҷумла паст кардани нишондиҳандаи фавт ва беморшавии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамасола оиди беҳдошти саломатии кӯдакон ва пешгирии фавти онҳо як қатор чорабиниҳоро амалӣ карда, дар ин самт як қатор қонун ва ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ қабул гардидаанд.

Дар идомаи ҷаласа номбурда атрофи дигар паҳлуҳои мавзӯъи мавриди назар баромад намуда, ҳамзамон, вобаста ба пешрафт, мушкилот ва дурманои соҳа ибрози андеша намуд.

Дар мавзӯъи “Технологияи ассистивӣ ва таҷҳизотҳои техникии ёрирасон. Талабот, сифат ва дастрасии маъюбон ва эҳтиёҷмандон ба он дар мамлакат” Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат баромад намуд.

Зикр гардид, ки таъмини баробарҳуқуқии маъюбон, барқарорсозии қобилияти корӣ ва тавонбахшии онҳо, ташаккули муҳити дастрас ва дастрасии худи маъюбон ба хизматрасониҳои гуногуни тиббию иҷтимоӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва актуалии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад. Омили асосие, ки метавонад ба ҳалли масоили мазкур нисбати маъюбон мусоидат намояд, ин таъмин кардани шахсони маъюбиятдошта бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ё ба истилоҳ технологияи ассистивӣ (ёрирасон) ба шумор меравад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки истифодаи технологияи ёрирасон ва таъминоти маъюбон бо воситаҳои техникии реабилитатсионӣ фаъолияти шахсони маъюбиятдоштаро дар зиндагӣ ва ҷомеа, хусусан дастрасии онҳоро ба таҳсил хеле осон мегардонад ва боиси ҳамгироии онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ  ва фаъолияти меҳнатии музднок мегардад.

Воситаҳои техникии ёрирасон як навъ ҷуброн кардани нуқсонҳои ҷисмонӣ ва функсияҳои аз дастдодаи организми инсонҳо ба шумор рафта, шарти зарурии таҳсилоти бо муваффақият ва ё шуғли муносиб барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд мебошанд. Ба таҷҳизоти техникии ёрирасон инҳо дохил карда мешаванд: воситаҳои ҳаракаткунӣ (аробачаи маъюбӣ, ходунок, асоҳои гуногун, аз ҷумла асо барои нобиноён), маҳсулоти протезию ортопедӣ ва ортезҳо, асбобҳои ҷубронкунандаи биноӣ, хусусан алифбои брайлӣ ва монанди инҳо.

Бояд гуфт, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёди дахлдор, аз ҷумла стратегияву барномаҳои миллию соҳавӣ, ки ба тақвияти ҳифзи иҷтимоии маъюбон равона гардидаанд, анҷом дода мешаванд. Чунончи, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ичтимоии маъюбон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо воситаҳои тавонбахшии маъюбон”, “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”, Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» ва ғайраҳо аз қабили чунин тадбирҳо мебошанд.

Дар ин асно  иттилоъ дода шуд, ки бинобар рушду инкишофи технологияҳои нави ҷаҳони муосир ва тағйирёбии як қатор номгӯи воситаҳои техникии тавонбахшӣ аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади мутобиқ намудани номгӯи амалкунандаи воситаҳои мазкур, ки дар ҷумҳурии мо барои маъюбон ҷудо карда мешаванд, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон» ба миён омада буд.

Бодарназардошти вазъи иқтисодию молиявии Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе, ки ягона истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи воситаҳои мазкур мебошад, дар марҳилаи аввал 41 намуди онҳо барои истифодаи минбаъда  интихоб карда шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки аксарияти намудҳои интихобгардида дар Номгӯи амалкунанда мавҷуданд. Аз ин рӯ, ба рӯйхати амалкунанда асосан 12 номгӯи нав илова карда шуда, номгӯи воситаҳои боқимонда ба номгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шудаанд.

Дар идома оид ба мавзӯъи “Ҷараёни иҷроиши “Барнома оид ба  ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” Парвина Мухторова, Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” баромад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои татбиқи барномаи мазкур дар баробари Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” ҳамчун ҳамоҳангсоз дар соҳаи тандурустӣ, инчунин 108 маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (вилоятӣ -3, минтақавӣ -1, шаҳрӣ – 11, ноҳиявӣ -54 ва 39-утоқҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар назди КАТС ва сохтори госпиталӣ), фаъолият менамоянд.

Аз соли 2019 дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Точикистон” барои менеҷерони шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), мутахассисони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи модули 8 курси омӯзишии 6-рӯза ташкил карда шудааст, ки тибқи барномаи таълимии мазкур 12 менеҷери КАТС ва 12 директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим тайёр карда шудаанд.

Дар робита ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ ва ғайрисироятӣ баланд бардоштани маърифати кӯдакону наврасон, хонандагону донишҷӯён тавассути барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ “Рангинкамон” дар доираи 8 соат ва дар барномаҳои таълимии “Тарзи ҳаёти солим” барои синфҳои 1-11 дар доираи аз 5 то 8 соат мавзӯҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ (махсусан ВНМО, сил, гепатиҳо ва гигиена) ворид карда шуда, тавасссути дарсҳои тарбиявӣ омӯзиши онҳо ба роҳ монда шудааст. Дар бештари ин дарсҳо духтурон даъват шуда, нисбати ин ё он беморӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо ба хонандагон маълумот медиҳанд.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни ҷасалаи ҳайати мушовараи вазорат  атрофи мавзӯъҳои пешниҳодшуда муҳокимаронӣ сурат гирифта, бобати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ дод.

Оид ба мавзӯъҳои баррасишуда қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 333
  • 908
  • 385,457