Барои баланд бардоштани масунияти бадан бояд чӣ гуна ғизо истеъмол намуд?

Барои баланд бардоштани масунияти бадан бояд чӣ гуна ғизо истеъмол намуд?
Июл 03
08:11 2020

Истеъмоли дурусти ғизо яке аз омилҳои муҳими тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад. Дар зер мусоҳибаи омӯзгорони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино Раҳимов Т.Ф ва Маҷидова Б.М. бо профессор Ҷаҳони Азонзод вобаста ба масъалаҳои ғизо ва парҳез нашр мегардад:

Айни замон, ки тамоми ҷаҳонро бемории коронавируси нави  COVID-19 фаро гирифтааст, лутфан бигуед, ки барои инсон чӣ гуна ғизо метавонад солиму созгор бошад?

-Сараввал бояд бигӯям, ки барои пешгирии бемории COVID-19  дар навбати аввал ҳар як шахс бояд қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоиро ба таври қатъӣ риоя намояд.

Ҳамзамон, барои муолиҷа ва барқарор кардани саломатӣ ғизои мувофиқу созгор, сервитамин ва сабуку хуштамъ хеле зарур аст.

Мусаллам аст, ки ғизо  омили асосии ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад. Донишмандони соҳа муайян кардаанд, ки бемории СОVID-19 ба одамоне, ки масунияти баданашон суст аст, бештар таъсир мерасонад. Бояд гуфт, ки дар баланд бардоштани масунияти бадани инсон нақши ғизо хеле назаррас мебошад.

Дар асл се принсипи истеъмоли оқилонаи хӯрок мавҷуд аст: таносуби энергия, таносуби маводи ғизоӣ ва реҷаи ғизо. Агар ҳар нафар ин се принсипро дар зиндагӣ  риоя намояд, ҳамеша солиму бардам боқӣ хоҳад монд.

Кадом намуди ғизоҳо метавонанд боиси баланд гардидани масунияти бадани инсон гарданд?

-Бояд гуфт, ки ҳар инсон ҳамон қадар нерӯе, ки ҳангоми кору фаъолият сарф мекунад, бояд аз маводи ғизоӣ ҳамон қадар энергияро бигирад. Маводи ғизоӣ, аз ҷумла сафедаҳо, чарбу, карбогидратҳо, витаминҳо пеш аз ҳама саломатӣ, коршоямӣ ва масунияти организми инсонро таъмин месозанд. Ҳуҷайраҳои масуният аз сафедаҳо иборат мебошанд, аз ин рӯ миқдори кофии сафеда, ки хӯрок ба организм ворид мешавад, дар ҳосилшавии сафедаҳои масуният, аз ҷумла глобулин ва  иммунглобулинҳо ёрӣ мерасонанд.

Чарбуҳо низ дар тақвияти масунияти бадани инсон хеле муҳим ба шумор мераванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чарбуҳо ҳайвонӣ ва растанигӣ мешаванд. Чарбуҳои растанӣ манбаи асосии кислотаи носур, маҷмӯи кислотаҳои носур мебошанд, ки барои организми инсон ниҳоят муҳиманд. Албатта, барои баланд бардоштани масунияти бадани инсон кислотаҳои чарбуии носур, аз ҷумла Омега-3 ва Омега-6, ки аслан дар таркиби равғани растанӣ, хусусан дар таркиби маҳсулоти баҳрӣ ва моҳӣ мавҷуд мебошанд,  хеле фоидабахш  ҳастанд.

Манбаи дигари сафедаҳои асил маҳсулоти аслаш гӯштӣ аст. Одам бояд ҳадди ақал дар як рӯз аз 60 то 100гр гӯшт истеъмол намояд. Маҳсулоти гӯштӣ манбаи асосии оҳан ба шумор меравад. Гемоглабин ҳам сафеда аст ва дар асл барои ҳосилшавии он маҳсулоти гӯштӣ, яъне сафедаи асил лозим аст. Сафедаҳои асил аз маҳсулоти аслашон ҳайвонӣ ва растанигӣ ҳосил мешаванд.

Барои баланд бардоштани масунияти бадани инсон маҳсулоти гӯштӣ нақши асосӣ дорад, аз ҷумла гӯшти парранда низ. Ҳуҷайраҳои одам асосан аз сафедаҳо иборат буда, сафедаҳои масунияти бадан аз он таркиб ёфтаанд. Аз ин лиҳоз, истеъмоли маҳсулоти гӯштӣ дар як ҳафта се-чор маротиба зарур аст.

Маҳсулоти дигаре, ки барои организми одам ниҳоят зарур аст, маҳсулоти ширӣ ба шумор меравад. Одам бояд дар як рӯз аз 200 то 250мл шир ё 250-300мл ҷурғот ё кефир истеъмол намояд. Шир ва маҳсулоти ширӣ манбаи калсий мебошанд. Асосан калсий дар мустаҳкам кардани устухон ва мағзи устухон нақши муҳим дорад. Маҳсулоти ширӣ ягона манбаи таъмини организми инсон бо калсий аст ва он дар ҳосилшавии мағзи устухон ва мустаҳкамшавии мағзи устухон нақши муҳим дошта, дар раванди хунофаринӣ иштирок менамояд. Ҳамзамон, калсий дар ҳосилшавии ҳуҷайраҳои сафеди хун-лейкотситҳо нақши назаррас дорад. Лейкотситҳо ҳуҷайраҳое мебошанд, ки тамоми бактерияву вирусҳои ба хун воридшавандаро нест мекунанд. Аз ин лиҳоз, онҳо раванди фаготситозро фаъол менамоянд, аммо нарасидани маводи калсий боиси кам шудани миқдори лейкотсит, эротсит ва дигар ҳуҷайраҳои хун мегардад. Мувофиқи талаботи физиологии организм барои одам дар як шабонарӯз 1л маҳсулоти ширӣ – шир, ҷурғот, панир, чакка ва равғани маска таъйин шудааст.

Маҳсулоти дигаре, ки истеъмолашон барои организми инсон хеле зарур буда, манбаи витаминҳо ба шумор мераванд, меваю сабзавот мебошанд. Дар таркиби меваю сабзавот гурӯҳи мухталифи витаминҳо ва витаминҳои дар об ҳалшаванда-селен ва ғайра зиёд мушоҳида мегарданд.

Дар баробари ин, албатта аз истеъмоли баъзе маҳсулотҳо, ки дар ҷабидан ва баланд бардоштани масуният таъсири манфӣ мерасонанд, худдорӣ бояд кард. Масалан, истеъмоли аз меъёр зиёди намак ба масуният таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, агар миқдори намак дар хӯрок 10% кам карда шавад, ҳаёти 150-187 млн одам аз бемориҳои мухталиф ҳифз карда мешавад.

Ҳамзамон, қайд намудан ба маврид аст, ки истеъмоли зиёди маҳсулоти қандӣ ва шакар ба вайроншавии устухон, халал ёфтани дилу рагҳо  оварда мерасонад. Мувофиқи талаботи имрӯзаи физиологӣ дар як шабонарӯз истеъмоли қанду шакар то 50гр тавсия дода мешавад.

Чун ҳоло мавсими пухтупази меваю сабзавот аст, шумо барои онҳое, ки бемории илтиҳоби шушро аз сар гузаронида, бештар гирифтори зуком мешаванд, истеъмоли кадом меваю сабзавотро тавсия медиҳед?

-Барои баланд бардоштани масунияти бадани нафароне, ки бемории илтиҳоби шушро азсар гузаронидаанд, истеъмоли сабзавот, аз зумра пиёз, сирпиёз хеле муфид ҳастанд, ки дар таркибашон асосан фитосид ва фитоносидҳо мавҷуд мебошанд, ки онҳоро бо ном антибиотики табиӣ меноманд. Онҳо дар пешгирии бемориҳои сироятӣ ва нобуд кардани бактерияву вирусҳо нақши муҳим доранд.

Ҳамзамон, барои организми нафароне, ки бемории илтиҳоби шушро пасисар намудаанд, меваҳои ситрусӣ, аз қабили лимон, афлесун, мандарин ва ғайра хеле муфид мебошанд, ки дар таркиби онҳо  маводи зиддиоксидӣ ва равғанҳои гуногун саршоранд.

Инчунин, гуфтан ба маврид аст, ки қоти сиёҳ низ барои баланд бардоштани масуният нақши зиёд дорад. Меваҳои гуногун, аз ҷумла гелос, олуча ва тут низ манбаи зиёди витамин ва равғанҳо ба шумор мераванд.

Лубиё, наск, нахуд, мош ва ғайра дар баланд бардоштани масуният низ муҳим мебошанд. Ҳафте ду-се маротиба аз онҳо истеъмол кардан ба саломатӣ манфиатовар мебошад.

Хуч низ саршори витамини С буда, агар ҳар рӯз баъди хӯрок аз нушобаи он истеъмол намоянд, одамро аз бемории камхунӣ ҳифз менамояд.

-Ташаккури зиёд барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво!

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 324
  • 553
  • 405,342