8 июл – Рӯзи маъюбон

8 июл – Рӯзи маъюбон
Июл 06
15:44 2020

Мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  8 июл Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад.  Мақсад аз эълон доштани ин рӯз ва ба таври анъанавӣ қайд кардани он – ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷамъият, ташкилоту идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ буда, барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва шароити арзандаи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Мувофиқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли 2020 теъдоди маъюбон 149860 нафарро ташкил дода, аз онҳо 15680 нафар маъюбони гурӯҳи I, 72692 нафар маъюбони гурӯҳи II, 32950 нафар маъюбони гурӯҳи III ва 28538 нафар кӯдакони маъюби то синни 18-сола мебошанд.

Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд.

Асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи милли солимии аҳолӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017–2020», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии ахолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро этироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқӯқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба хуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҷихати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Хамчунин Кумитаи рохбарикунандаи «Мубаддалгардонии хуқуқи одамони имконияташон махдуд ба воқеъият», ки дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузории соҳа ба конвенсияи мазкур фаъолият менамояд. Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи   аз  27 феврали соли 2020, №116 «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсияи СММ Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024” ба тасвиб расидааст.

Кӯшишҳои имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва шарикони рушд на танҳо ба расонидани кӯмак, дастгирӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои гуногун, балки ба ҳамгироии одамони маъюб ба ҷомеа нигаронида шудаанд. Шахсони дорои маъюбият низ ҳамчун шахсоне, ки маъюбият надоранд, дар ҷумҳурии мо аз тамоми ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, бархурдоранд. Табъизи (дискриминатсияи) ҳуқуқи маъюбон манъ буда, мувофиқи қонун муҷиби ҷавобгарӣ мебошад.

Имрӯзҳо дар саросари кишвар, хусусан дар низоми муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ новобаста аз вазъи бавуҷудомадаи марбут ба коронавируси нави COVID-19 бахшида ба Рӯзи маъюбон бо ҷалби намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии шахсони маъюб ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои дахлдор  доир гардида,  тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ барномаҳо ва мақолаву маърӯзаҳо нашр мешаванд. Чунончӣ, 1 июли соли ҷорӣ дар вазорат тавассути видео-конференсия дар мавзӯи “Дастрасии шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла занон ба саломатии репродуктивӣ: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” мизи мудаввар доир гардида, 3 июл ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” баргузор карда шуданд.

Бо боварии комил изҳор менамоем, ки дар оянда низ баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо тамоми чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда, вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо беҳтар карда мешаванд.

Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 320
  • 553
  • 405,338