Пандемияи коронавирус дар сайёра: Дар як шабонарӯз зиёда аз 239 ҳазор нафар сироят ёфтаанд

Пандемияи коронавирус дар сайёра: Дар як шабонарӯз зиёда аз 239 ҳазор нафар сироят ёфтаанд
Июл 22
12:23 2020

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки 22 июл нашр шудааст, давоми як шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 239 ҳазор нафар зиёд шуда, теъдоди фавтидагон тақрибан ба 620 ҳазор нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба ҳолати соати 9:00-и 22 июл (ба вақти Душанбе) дар ҷаҳон 15 096 317 сироят (+239 113 дар як шабонарӯз) ва 619 520 фавт (+5 678 дар як шабонарӯз) ба қайд гирифта шуд. Як рӯз пеш 205 348 ҳолати сироятёбӣ ва 4 046 фавт ошкор гардида буд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал мебошад – 7 702 075 (+117 400). Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 260 нафар зиёд шуда, ба 311 569 нафар расидааст. Дар Аврупо 207 958 сироятёфта ва 207 958 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 24 401 ва ҳолатҳои фавт — 416 нафар афзудааст.

Мавқеи сеюмро дар ҷаҳон аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ишғол мекунад. Дар он ҷо шумораи мубталоён ба 1 478 141 расида, 35 121 фавт ба қайд гирифта шудааст. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 42 000 нафар зиёд шуда, 733 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 028 569. Баъдан Бразилия (2 166 532), Ҳиндустон (1 194 085), Россия (783 328), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (381 798), Перу (362 087), Мексика (356 255), Чили (334 683), Испания (313 274) ва Британияи Кабир (295 817) ҷойгиранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,090
  • 1,168
  • 841,576