Нишасти матбуотии вазорат доир гардид

Нишасти матбуотии вазорат доир гардид
Июл 24
15:05 2020

Имрӯз, 24 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусаматзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустӣ ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ бештар аз 50 нафар рӯзноманигорон аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ, нашрияҳои давлативу хусусӣ иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшида оид ба фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2020 мухтасар иттилоъ дод

Зикр гардид, ки ҳифзи солимии аҳолии мардуми кишвар – яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Қайд карда шуд, ки маҳз таваҷҷуҳу сиёсати ташаббускоронаи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, то дар ин даврони бисёр мушкиле, ки пандемияи коронавируси нави COVID–19 оламро фаро гирифт ва дар давлатҳои абадқудрати ҷаҳон сабаби талафоти зиёди инсонӣ гардид, чораҳои саривақтӣ ва самаранокро анҷом диҳад ва барои ба эътидол омадани вазъи эпидемикии ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ мусоидат намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз моҳи май то инҷониб 13074 нафар шаҳрвандони ба ватан баргашта зери назорати карантини қарор дошта, айни ҳол 534 нафар, аз он ҷумла 278 – нафар дар шаҳри Душанбе, 194 нафар дар шаҳри Турсунзода ва 62 – нафар дар вилояти Суғд таҳти карантин қарор доранд. Бо мақсади ба карантини кӯтоҳмуддат фаро гирифтани шаҳрвандони аз дигар давлатҳо ба ҷумҳурӣ воридгардида, айни ҳол дар шаҳри Турсунзода, ноҳияи Варзоб ва мавзеи Ромит ба миқдори 815 кат ҷой омода шуда, ҳаррӯза ба ҳисоби миёна аз 450 то 600 нафар ба карантини кӯтоҳмуддат фаро гирифта мешаванд.

Бо назардошти зиёдшавии авҷи беморӣ дар кишварҳои ҳамсоя, ташвишовар боқӣ мондани вазъи эпидемиологӣ ва авҷи эҳтимолии бемории мазкур дар анбори вазорат 6 номгӯи дастгоҳҳои тиббӣ ба миқдори 1068 адад, 53 номгӯи доруворӣ ва 25 номгӯи маводи худмуҳофизатӣ ва безараргардонӣ ба миқдори зарурӣ нигоҳ дошта мешавад. Ба ғайр аз ин, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар анбори Раёсати тандурустии шаҳр захираи зарурии 28 номгӯи маводи доруворӣ ва безараргардонӣ, 6 номгуи маводи худмуҳофизатӣ, 15 номгӯи таҷҳизоту дастгоҳҳои  тиббӣ, аз он ҷумла 37 дастгоҳи нафаскашии сунъӣ мавҷуд мебошад. Инчунин, дастрасии маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ низ дар назар аст. Ба ғайр аз ин, захираи катҳо бо мақсади омодагӣ дар ҷумҳурӣ 12438 ҷойро ташкил медиҳад.

Боиси қайд аст, ки дар ин мӯҳлат аз ҷониби вазорат фаъолияти шабонарӯзии беморхонаҳо ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба роҳ монда шуда, ба шаҳру ноҳияҳое, ки дар он ҷойҳо ҳолатҳои бештари ин беморӣ вомехурданд кӯмакҳои саривақти бештар расонида шуда, мутахассисони ботаҷриба ба чунин шаҳру ноҳияҳо сафарбар карда шуданд. Бо мақсади сари вақт расидагӣ намудан ба мушкилоти мардум вобаста ба масъалаҳои корановирус дар назди вазорат телефонҳои боварии 511 ва 311 таъсис дода шудааст. Муроҷиати шаҳрвандон ба рақамҳои мазкур хеле зиёд мебошад. Дар як муддати кӯтоҳи таъсисёбӣ ба телефони боварии 311 аз ҷониби шаҳрвандон 11672 занги телефонӣ шуда, ин шумора дар ҳолати зиёдшавӣ қарор дорад. Бояд гуфт, ки ба шаҳрвандон аз ҷониби мутахассисон тавсия ва маслиҳатҳои муфид дода мешавад. Аз моҳи январ то имрӯз аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ беш аз 400 мавод ба нашр расида шудааст.

Дар давраи сипаригардида бо мақсади андешидани чораҳои фаврӣ дар ҳошияи чорабиниҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №АП-1378 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати ин сироят дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордошта иштирок менамоянд, ҷудо карда шудааст.

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 634 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 49 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 6 моҳи соли 2020 бошад, ба 36 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 5 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст. Дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара то имрӯз ба 85 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст, ки 11 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар 6 моҳи соли 2020 дар муассисаи мазкур ба 8 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.

Дар идомаи суханронии хеш Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  доир ба самтҳои дигари соҳа ва дастовардҳо дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ба ҳоизирин маълумот дод.

Пасон, бахши саволу ҷавоби нишаст доир гардид, ки дар рафти  он рӯзноманигорон вобаста ба самтҳои гуногуни соҳа саволҳо пешниҳод намуда,аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 330
  • 553
  • 405,348