АРЗЁБИИ РАВАНДИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои табиб, доктори илмҳои тиб, профессор, ходими маъруфи давлатию ҷамъиятӣ Ҷумъабой Сангинов

АРЗЁБИИ РАВАНДИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои табиб, доктори илмҳои тиб, профессор, ходими маъруфи давлатию ҷамъиятӣ Ҷумъабой Сангинов
Июл 31
18:53 2020

Новобаста ба сангандозии пайвастаи бадхоҳон ба сӯи Ҳукумати кишварамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пешгирии паҳншавии  коронавирус ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз, 31 июл, СММ гузориши ҳармоҳаро роҷеъ ба вазъ дар Тоҷикистон  дар иртибот бо коронавирус интишор намуд, ки он муддати аз 6-ум то 23 июли соли 2020-ро дарбар мегирад.  Дар  гузориши мазкур тадобири андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирии паҳншавии COVID-19 махсус зикр гардидааст:  талаби пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, манъи чорабиниҳои оммавӣ, маҳдуд сохтани рафтуомади шаҳрвандон ба хориҷи мамлакат ва аз хориҷа ба Тоҷикистон.

«Барои ба эътидол омадани вазъияти эпидемологӣ рафтори масъулиятшиносонаи шаҳрвандон ва ҳамкории муассири давлат ва мардум дар заминаи эътимоди баланди аҳолӣ ба стратегияи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозиданд», — навиштааст имрӯз дар ин иртибот ходими маъруфи давлатию ҷамъиятӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Ҷумъабой САНГИНОВ зимни як нигориши худ, ки ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.

Чанде пеш банда шакли вазнини бемории сироятии коронавирусро аз сар гузаронидам. Бо назардошти вақтҳои охир атрофи сабабҳои пайдоиш ва густариши ин беморӣ, арзёбии тадбирҳои давлатӣ дар пешгирии он ва тавонмандии низоми ҳифзи тандурустии мамлакат маводи зиёд, аз ҷумла матлабҳои иғвогарона аз хориҷи кишвар ба нашр мерасанд, маро чун табиб, ташкилотчии соҳаи тандурустӣ ва педагог бетараф нагузоштанд. Аз ин рӯ, зарур донистам андешаҳои худро доир ба мавзуъ иброз дорам.

 Нигоҳе ба  таҳаввули пандемия

Тавре ҳамагон огоҳанд, нахустин ҳодисаи сироятёбӣ аз ин вирус дар таърихи 01.12.2019 дар вилояти Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва нахустин мавриди сироят дар Аврупо дар санаи 4.02.2020 ба қайд гирифта шуд. То 10-уми марти соли ҷорӣ доманаи эпидемия 14 кишвари ҷаҳонро фаро гирифт ва беш аз 118 ҳазор нафар одамон сироят ёфтанд, ки аз ин миқдор 4 ҳазор нафар вафот карданд. Дар натиҷа, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз 11-уми марти соли 2020 ҳолати вогирӣ ё пандемияи COVID-19-ро дар сатҳи ҷаҳонӣ эълон намуда, тамоми кишварҳои дунёро ба муқовимат бо ин бемории ҳанӯз ношинохта даъват кард.

Таҳдиди пандемияи коронавируси номаълум ва таҷрибаҳои бемориҳои вогири асри ХХ, аз ҷумла зукоми испанӣ (1918–1919) бо 500 млн нафар бемор ва 39,1 млн фавт, пневмонияи атипӣ (2002-2003) бо 8096 нафар гирифтор ва 774 нафар фавт (мутаносибан 7,83% ва 9,56%), синдроми шадиди роҳи нафаси шарқиназдикӣ (2012–2015) бо 2494 бемор ва 858 нафар фавт (34,4%) ва ғайра аз давлатҳо тақозо менамуд, ки бо назардошти имкониятҳои воқеии иқтисодӣ ва зарфияти низоми ҳифзи тандурустии худ дар ин самт тадбирҳои муассири фаврӣ биандешанд. Стратегияҳои пешгирифтаи ниҳодҳои давлатӣ асосан ду навъи муборизаро пешбинӣ мекарданд:

-якум, равиши стандартии зиддиэпидемӣ бар асоси стратегияи пешгирикунанда, ки аз тарафи аксари кишварҳои соҳиби иқтисодиёти пешрафта пазируфта шуд;

-дуюм, варианти шведию беларусӣ, ки аз маҷмӯи тадбирҳои маҳдудсозии нарм иборат буда, ташаккули эҳтимолии иммунитети ҷамъӣ ё популятсиониро пешбинӣ мекунад.

Коршиносону таҳлилгарон динамикаи паҳншавии инфексияи коронавирусро шартан ба марҳилаи чинӣ (декабри соли 2019 то январи соли 2020) ва давраи аврупоӣ (аз 20 феврали соли 2020 то имрӯз) тақсим мекунанд. Агар дар марҳилаи чинӣ бо андешидани тадбирҳои хеле муассир беморӣ дар муҳлати кӯтоҳе фурӯкаш шуда бошад, аммо марҳилаи аврупоӣ ба вазъияти иҷимоиву иқтисодии ин кишварҳо зарбаи шадиде ворид гашт, ки ҳолати давлатҳои аврупоӣ танҳо дар миёнаҳои моҳи июни соли ҷорӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар баъзе кишварҳо мавҷи дуюми ин бемории вогир ба қайд гирифта шудааст ва имрӯз бо назардошти омилҳои зиёд пешбинии рушди вазъият номумкин мебошад.

Тоҷикистон ва пандемияи COVID-19

Пандемияи коронавирус рӯи равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсири ҷиддӣ гузошт. Табиист, ки ҳар як кишвари минтақа бо назардошти сатҳи таҳдиди фарогирии  эпидемия дар қаламрави худ барои пешгирӣ ё маҳдудсозии паҳншавии он тадбирҳои муассирро рӯйи даст гирифт. Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти вазъи воқеии эпидемологӣ дар кишвар дар моҳи феврали соли 2020 Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ  ва пешгирӣ аз  интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро таъсис дод. Илова бар ин, аз моҳи феврали 2020 бо ҷалби кормандони соҳаи тиб корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ва огоҳсозии аҳолӣ аз усулҳои ҳифозат аз сироятёбӣ аз ин бемории вогир ба роҳ монда шуда, аз аввали моҳи март барои баргузории чорабиниҳои оммавӣ маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ гаштанд.

Бемории вогири коронавирус ба Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигари минтақа дертар расид. Ин ҳолат қисман ба кам будани шумораи аҳолии шаҳрҳо ва сатҳи глобализатсияи онҳо низ вобастагӣ дошт. Бо вуҷуди ин, бо назардошти суръати паҳшавии бемории вогир дар ҷаҳон, бо қарори ҳамоҳангшудаи ситоди ҷумҳуриявӣ назорати беҳдоштӣ, карантинӣ ва муҳоҷиратӣ дар ҳамаи нуқтаҳои сарҳадӣ пурзӯр карда, дар гузаргоҳҳо бунгоҳҳои тиббӣ ва карантинӣ таъсис дода шуданд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳоро доир ба маҳдудсозии робитаҳои ҳавоӣ бо кишварҳои дигар ва мустаҳкам кардани захираҳои доруворӣ ва воситаҳои беҳдоштиву гигиенӣ андешида, амалӣ намуд. Як қатор муассисаҳои тиббӣ дар минтақаҳо ва пойтахти кишвар барои қабули афроди эҳтимолан сироятёфта ва изолятсияи шахсони дар тамос қарордошта муайян ва омода карда шуданд. Аз 20 марти соли 2020 робитаҳои ҳавоиии байналмилалӣ пурра қатъ карда шуд ва муоинаи суроғавии шахсони гумонбар ба бемории коронавирус шурӯъ гардид. Аз 30 апрели соли ҷорӣ дар кишвар 15 ҳодисаи сироятёбӣ бо коронавирус ошкор гардид ва ба таври расмӣ мавҷудияти ин бемории вогир эълон карда шуд.

Дар ҳамин рӯз дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пурзӯр кардани мубриза бо бемории коронавирус, махсусан, доир ба риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштиву гигиенӣ, дезинфексияи кӯчаву маҳаллаҳо, бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар бобати огоҳсозии мардум дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Баъдан таътили тобистонаи донишҷӯёни мактабҳои олӣ, қатъи дарсу машғулиятҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо, намозҳои ҷамоат дар масҷидҳо ва ғайра эълон карда шуд. Бо зиёд гардидани сироятёбӣ ба ин бемории вогир тадбирҳои асосӣ барои муайян намудани беморон, ташхису муолиҷаи онҳо, ҷудо нигаҳ доштани шахсони дар тамосбуда ва корҳои шадиди беҳдоштиву маърифатӣ пурзӯр гардонида шуд.

Мавқеи Сарвари Давлат

Тоҷикистон дар стратегияи мубориза бо бемории вогири коронавирус маҷмӯаи маҳдудиятҳои минималиеро, ки ба модели шведӣ-беларусӣ наздиктар буд, қабул кард. Ин имкон дод, ки тадбирҳои беҳдоштиву гигиенӣ ва тиббӣ ҳамзамон бо идомаи кору фаъолияти сохторҳои асосӣ — соҳаи кишоварзиву саноатӣ роҳандозӣ шавад. Албатта, чунин тарзи амал вокуниши муғризонаи баъзе доираҳо, «фарзандон» ва «дӯстон»-и Тоҷикистон дар хориҷи кишварро ба амал овард, аммо ба ақидаи камина, чунин мавқеъгирӣ барои кишвари мо дурусту хирадмандона буд ва он то дараҷаи муайян паҳншавии коронавирус ва воҳимаву таҳлукаи мардумро пешгирӣ намуда, пастравии иқтисодиётро нигаҳ дошт ва муҳимтар аз он, имконият дод, ки соҳаҳои кишоварзӣ ва истеҳсолӣ фаъолият намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи омори расмӣ дар 6 моҳи соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар кишвар 3,5% (солҳои 2019 — 7,5%) зиёд гардид, ҳол он ки Хазинаи Байналмилалии Асъор  коҳиши иқтисодии Тоҷикистонро то 2% дар охири сол пешбинӣ карда буд. Дар чунин шароит маҳсулоти саноатӣ 9,2% ва кишоварзӣ 8,2% афзоиш ёфт.

Ба замми ин, бо тафовут аз сарварони бисёр кишварҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи мураккаб намунаи  устувории шахсӣ нишон дода, бо боздид аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва мулоқот бо аҳолӣ рӯҳияи воҳима ва таҳлукаро дар ҷомеа аз байн бурд. Дар ин замина, мутаассифона, то ба ҳол мухолифони давлати мо дар робита бо баргузории ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд ҳамлаҳои фитнаангезӣ мекунанд. Ман бо ташаббуси шахсии худ дар ин ҷашни бошукӯҳ ширкат доштам, шодиву хушбинии мардумро бо чашмони худ мушоҳида кардам. Тасавур намудан душвор буд, ки чӣ гуна метавонистем ин ҷашни миллиро, ки моҳҳо пеш аз зуҳури коронавирус тарҳрезӣ ва омодашуда буд, барҳам занем. Дар чунин вазъият танқид ва шарҳу тавзеҳоти иғвогаронаи тадбирҳои пешгирифта аз хориҷи кишвар, бешубҳа, бо мақсади фитнаандозӣ ва ба вуҷуд овардани нооромӣ миёни аҳолӣ ва беэътиборсозии кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус роҳандозӣ шуда буд. Аммо вақт дурустии роҳи интихобшударо собит сохт.

Мутаасифона, мушоҳида мешавад, ки бисёре аз одамон, ҳатто нафарони ботаҷрибаву рӯзгордида ҳангоми арзёбии вазъи коронавирус ва самаранокии тадбирҳои роҳандозишуда ба хулосаҳои содаю ғайриилмӣ такя мекунанд. Бешубҳа, дар давраҳои аввали омодагӣ ва амалисозии дастуру супоришҳои сарвари давлат шитобзадагӣ ва набуди тактикаи зарурӣ аз ҷониби баъзе сохторҳои давлатӣ ҷой доштанд. Аммо имрӯз ба таври қотеъ исбот шудааст, ки нишондодҳои асосии самаранокии мубориза бо коронавирус дар марҳалаи эпидемия муҳлати паст кардани суръати ҳаррӯзаи паҳншавии бемории вогир дар кишвар баъд аз «таркиш» мебошад. Масалан, ин нишондиҳанда дар авҷи эпидемия дар Эрон дар рӯзи 13-ум, дар Арабистони Саудӣ дар рӯзи 21-ум, дар Аргентина дар рӯзи 26-ум, дар Россия дар рӯзи 56-ум ба даст омад. Дар Тоҷикистон авҷи эпидемия ба 13-уми май (103 бемор ва баъдан ба 211 бемор) ва оғози коҳиши афзоиши беморӣ ба 30 май рост омад. Яъне, дар 17 рӯз мо ба камшавии суръати рушди беморӣ ноил гаштем, ки нишондиҳандаи самаранокии тадбирҳои ҳамоҳангшуда мебошад.

Бояд гуфт, ки дар баъзе доираҳои муайяни ҷомеаи мо фарҳанги сиёсии номафҳуме ташаккул ёфтааст, ки бо маҳзи мушоҳидаи нуқсону камбуде дар ҳаёти рӯзмараи он бевосита ба Президенти кишвар ва Раиси Ҳукумат рабт дода мешавад, агарчи чунин бемасъулиятӣ аз ҷониби иҷрокунандаи сатҳи сеюм ва чаҳорум содир шуда бошад. Дар робита ба ин қазия мехоҳам чунин мисоли ҳаётиро оварам. Дар ИМА як шогирди банда кору зиндагӣ мекунад, ки ба таври мунтазам маро аз вазъи пандемияи акнун қариб аз назорат хориҷшудаи коронавирус дар он кишвар огоҳ месозад. Масалан, ҳамсояи сиёҳпӯсти ӯ ба бемории коронавирус гирифтор шуда, пас аз ду ҳафта муолиҷа дар бемористон ба хона бармегардад. Беморхона ҳаққи табобат ва хизмати тиббии ӯро 400 ҳазор долари ИМА ҳисоб карда, ба вай харҷнома ирсол медорад. Бечора пас аз чанд соати дарёфти ин санад аз сактаи дил (инсулт) вафот мекунад. Алҳол хешовандон ва пайвандони ӯ роҳбарияти беморхонаро ба додгоҳ кашидаанд, ки ин дар он ҷо амали маъмулист. Агар баъзе «дӯстон»-и мо чунин маълумоте дар даст медоштанд, дарҳол ҳокимияти олииро ба садҳо гуноҳ айбдор менамуданд, чуноне, ки имрӯз аз фоҷиаи инсонӣ ҳангома месозанд, ки «дар Тоҷикистон аз коронавирус 8 генерал, шоирон, духтурон ва ғайра вафот карданд» ва ғ.

Баъзе ҷанбаҳои тиббии масъала

Пандемияи вогири коронавирус ва ташкили тадбирҳо доир ба пешгирии он сатҳи тавоноии системаи ҷории тандурустӣ ва ҳифзи сиҳатии оммаи аксари кишварҳои ҷаҳонро ба таври равшан нишон дод. Ин беморӣ бо «рафтор»-и худ, пеш аз ҳама, кишварҳои рушдёфта ва низоми тандурстии онҳоро ғофилгир кард. То ҷое, ки то имрӯз сабабҳои сатҳи баланди беморшавӣ ва вафоти одамон дар давлатҳои пешрафтаи Аврупо, ИМА, Россия ва Эрон шарҳи дақиқи худро наёфтааст.

Бояд эътироф намуд, ки бо вуҷуди қарорҳои пешгирикунандаи ситоди ҷумҳуриявӣ, дар кишвари мо низ дар марҳилаи аввал Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он дар кори мубориза бо бемории вогири номаълум натавонистанд омодагии ҳаматарафаи тамоми сохторҳои марбутаро ба ҳуҷуми шиддатноки пандемия таъмин намоянд. Надонистани патогенези беморӣ, коди генетикӣ, қонунмандии рушд ва набудани протоколҳои ташхис (диагностика) ва муолиҷа, дар марҳалаи аввал кори ҳайати кормандони тибро ба душворӣ мувоҷеҳ сохт. Дар масъалаи технологӣ, беҳдоштӣ ва таъмини воситаҳои муҳофизатӣ низ мушкилоти ҷиддӣ пеш омад. Бо вуҷуди ин, кормандони тиб хусусиятҳои рафтори ин бемории вогирро батадриҷ аз худ карда, дар шароити душвортарин ба беморон ёрии тиббӣ расониданд. Бояд тазаккур дод, ки сохторҳои тандурустии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои «радаи аввал», ноомодагии худро ба эпидемия ин миқёс нишон доданд. Дар умум, дар чунин марҳилаи душвори зиндагии мардум, ҳампешагони ман рисолати худро бо шарофат ва салоҳият ба ҷой оварданд. Мутаассифона, як зумра пизишкон ва кормандони сатҳи миёнаи тиббӣ ҳангоми иҷрои вазифа қурбонии коронавирус шуданд. Ёдашон ба хайр.

Меъёри муҳимми дигари арзёбии динамикаи мубориза бо ин вогир ва самаранокии он миқдор ва афзоиши беморшавӣ ва вафоти одамон ба шумор меравад. Дар рӯзи таҳияи ин мавод шумораи умумии беморон дар ҷумҳурӣ 6741 нафар, зиёдшавии ҳаррӯза 40-50 бемор, фавт дар умум 56 нафар ва сатҳи маргумир 0,83%-ро ташкил медод. Аз таҳлили муқоисавӣ маълум шуд, ки дар миқёсӣ минтақа дар кишвари мо сатҳи сироятёбӣ аз коронавирус аз ҳама пасттар аст, зеро манзараи муқоисаи сатҳи фавти беморон дар Тоҷикистон бо кишварҳои дигар чунин мебошад: фоизи марг аз ин беморӣ дар Қирғизистон –1,32%, Қазоқистон–0,56% ва Ӯзбекистон–0,49% буда, дар кишварҳои пешрафта ин нишондод аз 2,5% (Туркия) то 15% (Британия)-ро ташкил медиҳад. Албатта, бисёре аз муҳаққиқон низ мавҷудияти баъзе камбуду иштибоҳҳо дар омори беморон ва фавтидагонро инкор намекунанд. Маҳз бо назардошти ҳолатҳои қаллобӣ дар атрофи омори ин нишондиҳандаҳо, умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ва ЮНИСЕФ тавсия медиҳанд, ки фақат аз маълумоти манбаъҳои расмӣ истифода карда шавад.

Дар масъалаи пешгӯйии дурнамои ин бемории вогир нуктаҳои муҳимтарин омӯзиши пурраи механизми инкишофи беморӣ, давомнокии иммунитети ҷавобӣ, сохтани дору (ваксина) ва имконияти ташаккули иммунитети ҷамъӣ мебошад. Аксарияти хулосаҳои илмии донишмандони амрикоӣ, олмонӣ, британӣ ва чинӣ ба саволҳои зерин чунин посухҳои пешакӣ медиҳанд:

1.То ба имрӯз беш аз шаш ҳазор навъи гуногуни коронавирус кашф шудааст ва чизе, ки боиси нигаронии асосноки табибон гаштааст, ин аст, ки суръати таҳаввули он рӯзе то ба сад намуд мерасад. Ин ҳолат таҳияи протоколҳои табобат ва ташхиси бемориро хеле душвор кардааст.

2.Бо вуҷуди ин ки олимони Россия доир ба иммунитети ҷамъӣ дар  сатҳи 26% ва табибони Алмаато дар сатҳи 23% сухан мегӯянд, вале муқаррар гардидааст, ки умедворӣ ба ташаккули иммунитети ҷамъӣ шубҳаовар аст. Пас аз таҳқиқ ва омӯзиши 3053 нафар бемор, дар Кореяи Ҷанубӣ дар таърихи 12 июли соли 2020 ғайриимкон будани ташаккули иммунитети ҷамъиро расман эълон намуданд. Пажӯҳишгарони британӣ ва олмонӣ низ чунин мавқеъ доранд.

3.Тибқи манбаъҳои зикршуда тӯли иммунитети ҷавобӣ дар беморони коронавирус 3-3,5 моҳро ташкил медиҳад. Илова бар ин, иммунитети дастаҷамъӣ дар 60-70% беморон ташаккул ёфта, пас аз се моҳ он танҳо дар 17% боқӣ мемонад.

4.Хулосаҳои боло водор месозанд, ки ба раванди сохтани дору (ваксина), ки ба «иммунитети табиӣ» аз коронавирус нигаронида шудааст, эҳтиёткорона муносибат кунем. Барои дароз кардани иммунитети фаъол бояд ба коди генетикии вирус дахолат карда шавад, ки он кори оянда аст.

Ба ҷои хулоса

Пандемияи COVID–19, ки дар охири соли 2019 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин пайдо шуд ва дар баҳори соли 2020 қариб ба тамоми минтақаҳои ҷаҳон паҳн гардид, барои низомҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон, хусусан соҳаи тандурустии онҳо, аз ҷумла барои Тоҷикистон ба имтиҳони устуворӣ табдил шуд. Бо тафовут аз  кишварҳои дигар ҳангоми пандемия се кишвар (Шветсия, Беларус ва Тоҷикистон) сиёсати давлатии худро дар мубориза бо коронавирус  дар шакли ҷорӣ накардани карантини сахт ва маҳдудияти рафтуомади шаҳвандон ва дар айни замон, риояти тадбирҳои профилактикӣ муайян кардаанд. Агар дар кишвари Шветсия идеологи чунин сиёсат сардухтури сироятии он давлат Андерс Тегнелл, ки ба шахсияти маъруф табдил ёфтааст, бошад, дар кишвари мо чунин сиёсат зери роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гашт.

Масъалаи мазкур ҳатто корношоямии ниҳодҳои глобалӣ ва баръакси он, масъулиятшиносии баланди сохторҳои миллиро нишон дод. Равиши Тоҷикистон нишон дод, ки дар шароти буҳронҳои воқеӣ касбият ва масъулиятшиносӣ дар ҳамаи сатҳҳо назар ба ҷанбаи таблиғотию идеологӣ мақоми ҳалкунанда ва асосӣ дорад. Маҳз аз ин назар, дар натиҷаи стратегияи дурусти мубориза, ки Президенти кишвар ва ҳукумати мамалакат пеш гирифтанд, мардуми мо ба воҳимаву таҳлука наафтода, бо риояи аслҳои сегона (беҳдошти шахсӣ, истифодаи ниқоби тиббӣ ва фосилаи иҷтимоӣ) ва қоидаҳои пешгирии эпидемия, низоми тандурустӣ зуд ба равиши дар аввал ноошнои мубориза бо коронавирус мутобиқ гардид ва имрӯзҳо мо тавонистем шиддати бемории пандемияро коҳиш дода, вазъи устувори эпидемологиро таъмин намоем. Ҳамин тавр, дар натиҷаи ҳамкории масъулонаи давлат ва мардум интизориҳои мухолифини комёбиҳои давлат бароварда нашуд.

Ба назари донишмандони аксари марказҳои машҳури ҷаҳон, пешгӯии дурнамои инкишоф ва раванди ин вазъият ҳануз номумкин аст, аммо башарият бояд ба ҳама гуна сенарияҳои инкишофи он омода бошад. Бояд ногузир бо ин воқеият созиш кард, ки дар оянда бояд байни тадбирҳои зиддиэпидемологӣ ва арзишҳои зиндагонии рӯзмара ҳамоҳангии мавзун эҷод шавад, зеро зиндагӣ бо коронавирус ҷузъе аз фарҳанги нави ҳаёти ҷомеа хоҳад буд. Яъне, дар вазъияти нав вазифаҳои тактикии танзиму давоми зиндагӣ тағйир наёфтаанд, балки онҳо дар шароити воқеиятҳои шадидтар ва талошҳо барои бартарии вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва бартарафсозии паёмадҳои иқтисодии пандемия амалӣ мегарданд.

Ҳамин тавр, барои ба эътидол омадани вазъияти эпидемологӣ, пешгирӣ аз воҳимаю таҳлука дар байни аҳолӣ, роҳ надодан ба буҳрони иҷтимоиву суқути иқтисодӣ, коҳиши босуръати сатҳи сироятёбӣ, фавти инсонҳо ва муттаҳид намудани зарфиятҳову талошҳо барои мубориза бо пандемия дар Тоҷикистон рафтори масъулиятшиносонаи шаҳрвандон ва ҳамкории муассири давлат ва мардум дар заминаи эътимоди баланди аҳолӣ ба стратегияи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Дар чунин марҳилаи барои таърих ва башар бисёр ҳассос, шубҳае нест, ки чунин дастовард комёбии бузурги давлат ва мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

 Ҷумъабой САНГИНОВ,
доктори илмҳои тиб, профессор    

 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

САНГИНОВ Ҷумъабой Раҳматович  22 феврали соли  1952  дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба дунё омада, дар оилаи серфарзанд ба камол расидааст. Падараш омӯзгори мактаб буда, модараш 9 нафар фарзанд ба воя расонидааст.

Соли 1974 Донишкадаи (ҳоло Донишгоҳи) давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм намудааст. Табиби ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб, профессор.

Дар 32-солагӣ аллакай дар соҳаи тандурустӣ шинохта шуд. Дар вазифаҳои гуногуни сохторҳои ин соҳа, аз ташкилоти хурд то вазорат кор кардааст. Чанд муддат вазифаи сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанберо бар уҳда дошт.

Солҳои 2000 – 2011 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2002 раиси фраксияи ҲХДТ дар парлумони мамлакат  буд.

Аз соли 2011 то соли 2015 (то ба нафақа баромадан) дар вазифаи муовини аввали раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Муаллифи беш аз 20 лоиҳаи қонун ва даҳҳо китобу мақолаҳост.

Солҳои 2010-2015 узви Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсиякунонии сарҳади Тоҷикистон буд.

Профессори кафедраи саратоншиносии ДДТТ ба номи Абӯали Ибни Сино. Корманди шоистаи тандурустии Тоҷикистон мебошад

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва 8 набера.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 339
  • 553
  • 405,357