COVID-19. Раҷаббой Аҳмадзода аз беморхонаи сироятӣ ва беморхонаи клиникии вилоятӣ дидан намуд

COVID-19. Раҷаббой Аҳмадзода аз беморхонаи сироятӣ ва беморхонаи клиникии вилоятӣ дидан намуд
Август 01
13:43 2020

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Беморхонаи сироятии вилоят ташриф оварда, бо кормандони соҳаи тиб мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар доданд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз меҳнати шоистаи табибон ҷиҳати табобати беморони ба коронавирус гирифторшуда изҳори сипос  карда, зикр намуд, ки хизматҳои онҳо аз ҷониби Давлату Ҳукумат қадр карда мешавад.

Аҳматзода мутазаккир шуд, ки бо назардошти мавҷуд будани эҳтимоли хуруҷи дуюми коронавирус, ки алакай дар кишварҳои ҳамсоя ба қайд гирифта шудааст,табибони моро мебояд  аз таҷрибаи кории худ хулосаҳои заруриро бароварда, барои пешгирии он ҳамаҷониба омодагӣ бинанд. Ба масъулини Раёсати тандурустӣ дастур дода шуд, ки маводи доруворӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва лавозимоти тиббиро захира намоянд.

Дар ин рӯз ба табибон маводи ғизоӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сифати кумак дастрас  карда шуд.

Ҳамчунин Раиси вилоят аз Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов боздид кард. Дар  ин  ҷо барои табобати мубталоёни бемории КОВИД-19 шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, саҳми табибони ин   муассисаи тиббӣ  дар муолиҷаи беморон ва пешгирии интиқоли бемории сироятӣ назаррас аст. То ҳол ин беморхона махсус барои табобати гирифторони КОВИД-19 фаъолият дошта, таҷриба ва тарзи муолиҷаву корбарии  табибони он дар давраи пандемия аз ҷониби мутахассисони Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ баҳои баланд гирифтааст.

Раиси вилоят барои фаъолияти шоёни кормандони соҳаи тиб миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баён  дошта, таъкид намуд, ки мардум ба нерӯи зеҳнӣ ва таҷрибаи табибон боварии калон дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 317
  • 553
  • 405,335