Дар Душанбе коршиносон роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оиларо баррасӣ намуданд

Дар Душанбе коршиносон роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оиларо баррасӣ намуданд
Сентябр 04
15:26 2020

Имрӯз, 4 сентябри соли равон дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе бо ташаббуси филиали ГОПА мбХ (PDV) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъи “Кори иҷтимоӣ ва масъалаҳои муосири ҷомеа: Нақши сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила” мизи мудаввар доир гардид, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз дошт, ки мақсади иҷрои “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 тасдиқ шудааст, вобаста ба банди 9-и “Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳури Тоҷикистон, Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) барои солҳои  2020-2021” дар ин самт даъват ба амал оварда, чунин ҷаласаи муҳимро барпо менамояд.

-Чорабинии имрӯза ниҳоят ҷиддӣ ва сиёсию иҷтимоӣ буда, барои азму талоши зиндагӣ, сарҷамъию муттаҳидӣ, дилсӯзию маъсулятнокии ҳар яки мову шуморо водор менамояд, ки  барои эмин доштани арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ дар ин самт – ин пешгирӣ ва аз худ намудани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ оид ба кӯмаки иҷтимоӣ ва ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила мебошад,-иброз дошт номбурда.

Зикр гардид, ки дар мавриди пешниҳоди хизматҳои ба ҷабрдидагони зӯроварии маишӣ, аз ҷумла  хонаводагӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар доираи шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва фармоиши иҷтимоии давлатӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии  «Дилафрӯз” дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон  ва «Фемида» дар шаҳри Душанбе, ки дар самти пешгирии хушунати оилавӣ  ва ҳолатҳои зӯроварии хонаводагӣ  фаъолият намуда истодаанд, хизматрасонии иҷтимоии онҳо тавассути фармоиши давлатии иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2012, №724 «Дар бораи тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ» дар баробари дигар категорияҳои осебпазир ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ба шахсони аз ҳар гуна шаклҳои зӯроварӣ зарардида, аз ҷониби кормандони иҷтимоии шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, ки дар 41 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, хизматҳои иҷтимоӣ ҳангоми пайдо шудани зарурат пешниҳод карда мешаванд.

Таҷрибаи солҳои охир  нишон медиҳад, ки  масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила на танҳо вазифаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, балки бояд вазифаи аҳли  ҷомеа  бошад. Масъалаи мазкур ҳалли худро дар ҳамбастагӣ  бо ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад ёфт. Аз ин лиҳоз вазорату идораҳои дахлдорро лозим аст, ки механизми  бозравонии ҷабрдидагони зӯровари дар оиларо коркард намуда, дар дастҷамъӣ ба ин падидаи номатлуб хотима гузоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 391
  • 568
  • 427,470