КОРШИНОСИ СММ: Тоҷикистон авҷи бемории COVID-19-ро дар моҳи май «ҷаҳида гузашт» ва мавҷи дуюми он нахоҳад омад

КОРШИНОСИ СММ: Тоҷикистон авҷи бемории COVID-19-ро дар моҳи май «ҷаҳида гузашт» ва мавҷи дуюми он нахоҳад омад
Сентябр 07
14:36 2020

Дар тирамоҳи имсола ба Тоҷикистон хатари вазъи фавқулодаи эпидемиологӣ таҳдид намекунад ва эҳтимолан ҷумҳурӣ ба мушкилоти вобаста ба COVID-19, ки кишварҳои ҳамсоя бо онҳо дучор шуданд, гирифтор нахоҳад шуд, гуфт 4 сентябр дар брифинг дар Душанбе, мушовир-коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — таҳқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Пастери Санкт-Петербург оид фаъолиятҳои инноватсионӣ Александр Семёнов.

«Афзоиши баланди бемории COVID-19 дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон бо ягон вируси нав иртибот надорад. Ин вазъият ба ҷамъшавии аз ҳад зиёди беморон ва мавҷудияти доимии дастгоҳҳои табобати оксигенӣ ва дастгоҳҳои фаоъоли рентгенӣ дар клиникаҳо вобастагӣ дорад», — чунин назар дорад коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин кишварҳо аз як тараф гузариши эпидемия ба марҳилаи рушди баланд ба амал омад ва аз тарафи дигар — беморхонаҳо барои қабули беморон ва расонидани кумаки ихтисосӣ, ки беморони гирифтори сирояти коронавирус ба он ниёз доранд, комилан омода набуданд.

«Азбаски Тоҷикистон ба ин марҳила пештар ворид шуда буд, ҷумҳурӣ ба мавсими фарорасии афзоиши уфунатҳои роҳи нафас омодагии беҳтар дорад. Тоҷикистон соҳиби садҳо генераторҳои оксигении вориднамудаи СУТ шудааст ва онҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар минтақаҳо тақсиму насб ва табибон омӯзонида шудаанд. Дуввум, омодасозии кормандони тиб дар сатҳи баланд сурат гирифт, Тоҷикистон мутахассисони хуб дорад, онҳо мефаҳманд, ки чӣ кор кунанд, чӣ тавр табобат кунанд», — гуфт Семёнов.

Ба фикри коршинос, аз ин ки дар Тоҷикистон суботи сатҳи сироятёбӣ ҳифз мешавад, ба он вобаста аст, ки ҷумҳурӣ авҷи бемориро дар миёнаи моҳи май «ҷаҳида гузашт».

«Як қабати муайяни эминӣ пайдо шудааст, одамон бемориро аз сар гузаронидаанд, онҳо бемор намешаванд. Теъдоди «сайдҳо» -и вирус коҳиш ёфтааст, пайдо намудани одамон барои сироят кардан душвортар шудааст. Чизи аз ҳама душвор дар ин  шароит- ин баланд бардоштани иқтидори озмоишгоҳҳо буд, чунки ин бисёр кори гарон аст ва омӯзонидани кормандон вақти зиёд талаб мекунад. Аммо мо вақт дорем, ки ин корҳоро ба анҷом бирасонем ва аз ин лиҳоз ман аз фарорасии мавсими тирамоҳ хушбин ҳастам”, — зикр кард олим.

Вай гуфт, ки дар тӯли 2,5-3 моҳ Тоҷикистон миқдори озмоишҳоро 2,5 маротиба афзоиш дод: «Дар моҳи май 500-700 санҷиши тестӣ  дар як рӯз гузаронида мешуд, ҳоло то 2500 санҷиш дар як рӯз». Ба гуфтаи вай, дар ибтидои пандемия дар мамлакат танҳо як озмоишгоҳи ташхиси COVID-19 дар Душанбе вуҷуд дошт, ҳоло чунин озмоишгоҳҳо 9 адад буда, дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ мавҷуданд.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, иқтидори лабораторияҳои ҷумҳурӣ бояд зиёд карда шавад.

«Мо чунин мешуморем, ки миқдори санҷишҳои тестӣ дар як рӯз бояд то 4,5 ҳазор — 5 ҳазор зиёд карда шавад. Он гоҳ ин кор мувофиқи табъ хоҳад буд», — зикр намуд Семёнов.

«Дар маҷмӯъ, ман вазъи Тоҷикистонро ҳоло мусоид, идорашаванда ва босубот арзёбӣ мекунам. Тамоюл хеле мусоид аст. Аммо Тоҷикистон набояд ба сустӣ роҳ диҳад. Ҳар чизе, ки то ин замон карда шудааст, дуруст карда шудааст. Ва ин натиҷа дод. Мо бояд се-чор моҳи дигар то пайдо шудани ваксина, то пайдо шудани дору сабр кунем”, — тавсия медиҳад коршинос.

Бори аввал мақомоти Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ бо коронавируси навро 30 апрел тасдиқ карданд. То 6 сентябр шумораи умумии беморони COVID-19 дар мамлакат ба 8792 нафар расид. Аз оғози пандемия 70 тан бар асари коронавирус ҷон бохта, 7781 нафар ё 86,2% беморон шифо ёфтаанд.

 

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 390
  • 568
  • 427,469