Дар талоши зиндагӣ

Дар талоши зиндагӣ
Сентябр 15
09:25 2020

Бечоравор нола макун пеши зиндагӣ,

Ӯ ҳеҷ вақт гӯш ба афғон намедиҳад.

Чун шаҳсавор хезу ба зӯраш савор шав,

Ин аспи маст тан ба заифон намедиҳад.

Дар зиндагӣ инсонҳоеро вохурдан мумкин аст, ки чунин мисраҳо шиори зиндагиашон мебошанд. Ин тоифа одамон новобаста ба он, ки Худованд онҳоро чӣ гуна офаридааст, аз зиндагӣ ноумед ва дилсард нагардида, баҳри амалӣ гардидани орзуҳои хеш шабонарӯзӣ талош меварзанд.

Турсуной Мустафоева аз зумраи он духтароне мебошад, ки новобаста ба он, ки сухан гуфта наметавонад ва дастонаш барои кор кардан оҷизанд, бо кӯшиш ва талоши хеш ҳунари дӯзандагиро омӯхта, имрӯз дар байни мардум соҳибном гардидааст.

Турсунойро моҳи октябри соли 2019 дар ҷараёни Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои солимгардонӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, шахсан аз наздик дидам. Бояд бигӯям, ки дар баробари садҳо нафаре, ки дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд, банда низ аз дидани ҳунари дӯзандагии Турсуной Мустафоева дар ҳайрат афтодам. Ин духтар сӯзанро дар миёни чиликҳои пойҳояш гузошта, гулдӯзӣ менамояд. Агар ба маҳсули эҷодаш диққат бидиҳед, ҳеҷ худро бовар кунонида наметавонед,  ки чунин гулдӯзиҳо маҳули дастони духтаре ҳастанд, ки ба воситаи чиликҳои пойҳояш онҳоро офаридааст. Аммо, бояд бовар бикунед, ки дар воқеъ ин нигоштаҳои пур нақшу нигор маҳсули офаридаҳои Турсуной Мустафоева ҳастанд.

Турсуной Мустафоева 8 декабри соли 1980 деҳаи Қуштеппаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Номбурда маъюби гурӯҳи 1-ум мебошад. Мавсуф  аз соли 2001 то соли 2016 ҳамчун бошанда дар  Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри  Панҷакент”  қарор дошт. Турсуной давоми  15 соле, ки дар муассисаи мазкур бошанда буд, худро ҳамчун духтари зиндадил, қавиирода, меҳнатдӯст ва дорои хислатҳои неки инсонӣ нишон дод.

Бояд гуфт, ки Турсуной Мустафоева маҳз замони бошандаи Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент” буданаш бо азму талошҳои хастанопазири хеш ҳунари гулдӯзиро азхуд намуд.

Ҳеҷ кас бовар карда наметавонист, ки Турсуной бо вуҷуди маъюб буданаш чунин ҳунарро омӯхта метавонад. Аммо, ӯ на танҳо аз уҳдаи ин окр баромад, балки исбот намуд, ки агар инсон бихоҳад ва завқу ҳавас дошта бошад, қодир аст, ки дилхоҳ касбу ҳунарро биомӯзад.

Бо мурури вақт ҳунари гулдӯзии Турсуной Мустафоева сайқал ёфт ва ҳаводорони хешро пайдо намуд. Ҳунари гулдӯзӣ на танҳо Турсунойро дар миёни мардум муаррифӣ намуд, балки ба зиндагии он аз ҷиҳати молиявӣ манфиат овард. Номбурда  маҳз бо ҳунари гулдузиҳояш маблағ ҷамъ намуда, лавозимоти зарурияшро харида, сатҳи зиндагияшро беҳтар намуд.

Ҳамзамон, зикр намудан ба маврид аст, ки Турсуной Мустафоева бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи директори Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри  Панҷакент” Амонқулова Моҳира чандин маротиба дар намоишгоҳҳои шаҳриву вилоятӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардидааст. Аз ҷумла номбурда соли 2014 дар намоишгоҳи шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи 1 гардид.

Санаи 8 июли соли 2014 бахшида ба Рӯзи маъюбон аз ҷониби собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба Турсуной Мустафоева хонаи истиқоматии якҳуҷрагӣ тақдим гардид. Айни замон Турсуной Мустафоева дар хонаи шахсии хеш кору зиндагӣ намуда истодааст.

Номбурда ҳарчанд сухан гуфта наметавонад, аммо аз умқи чашмонаш, аз табассумҳояш баръало метавон мушоҳида намуд, ки ӯ аз зиндагӣ розист. Дар зери табассумҳояш метавон изҳори сипоси бепоёни ӯро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон эҳсос намуд.

Бо шарофати сулҳу оромии мамлакат ва сиёсати оқилонаву созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Турсуной Мустафоева ба қатори ҳазорон ятимону бепарасторон аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар бархурдор мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,131
  • 1,168
  • 841,617