Вазъи пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои эндокринологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он

Вазъи пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои эндокринологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он
Сентябр 30
08:37 2020

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ” сармуассисаи соҳавӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти он ба ҳамоҳангсозӣ, расонидани ёрии дастурию ташкилӣ ва назорати татбиқи ҳуҷатҳои бунёдии соҳа ва самти эндокринология, аз ҷумла нақшаҳои ҳамасолаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои эндокринологӣ равона карда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки  давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  соҳаи  эндокринологияи мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла дастрасии аҳолӣ ба ташхиси бемориҳои эндокринологӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир таъмин карда шуд, таъминоти пурраи ройгони дорувории ҳаётан муҳим, ба монанди инсулин амалӣ  гардид, кормандони соҳа ва алоқамандон бо барномаҳои омӯзишӣ пайваста фаро гирифта шуданд, беморони гирифтори диабети қанд ва бемориҳои норасоии йод бо муосиртарин усулҳои табобат ва истифодаи  доруҳои зиддидиабетӣ ва табобати бемориҳои норасоии йод фаро гирифта шуданд.

Дар ин замина, натиҷаи фаъолияти ҳамгироишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буд, ки айни ҳол вазъи бемориҳои эндокринологӣ дар кишвар идорашаванда арзёбӣ карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти бемориҳои эндокринологӣ як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими бунёдӣ таҳия, қабул  ва амалӣ гардида истодаанд.

Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, бемориҳои ғайрисироятӣ  сабаби асосии фавт дар ҷаҳон буда, беморшавӣ аз онҳо сол аз сол меафзояд. Ҳамасола дар ҷаҳон қариб  41 млн беморон фавтида, ба ин шумораи фавтидагон аз бемориҳои дилу рагҳо 17,9 млн нафар, бемориҳои онкологӣ (саратон) 9 млн нафар, бемориҳои музмини шуш 3,9 млн нафар ва диабети қанд 1,6 млн нафар шомил мебошанд. Бояд гуфт, ки тақрибан 80 фоизи ҳолатҳои фавт дар ҷаҳон ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ рост меояд.

Айни замон дар тамоми сайёра танҳо аз рӯи муроҷиат 422  млн. беморони  гирифтори диабети қанд ба қайд гирифта шуда, қариб 50 фоизи онҳо ба синну соли нисбатан фаъол ва қобили меҳнати 40-59-сола рост меоянд. Бо дарназардошти  суръати инкишофи паҳншавии ин беморӣ, коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пешгӯӣ менамоянд, ки асосан аз ҳисоби беморони диабети қанди навъи 2 шакл гирифта дар калонсолон инкишоф меёбад ва пеш аз ҳама бо вазни зиёди бадан алоқаманд аст.

Чунин  вазъияти  ташвишовари  тандурустиро ба назар гирифта, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2006 «Барномаи мубориза бар зидди диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» ва соли 2012  «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2017»-ро қабул намуд.

Таҳлили вазъи мушкилоти дибети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки тибқи омори расмӣ сол аз сол шумораи беморони гирифторони ин беморӣ дар кишвар зиёд мегардад.

Инчунин, бемориҳои норасоии йод  яке аз бемориҳои нисбатан вазнин ва паҳншуда дар ҷаҳон ба шумор рафта, тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар олам зиёда 2 млрд. одамон мубталои бемории норасоии йод  мебошанд ва  1,5 миллиард нафар одамон дар рӯи замин хавфи пайдоиши бемориҳои норасоии йодро доранд, ки мутаассифона Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин доира берун нест.  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ татқиқоти зиёд дар байни аҳолии мамлакатҳои аз баҳр дур ва куҳсор гузаронида, ба хулосае  омадааст, ки йоднок кардани намаки ошӣ ягона роҳи дурусти қонеъ гардонидани ҷисми инсон бо  йод аст, чунки намак пайваста дар истеъмол буда, ба кулли ғизо ҳамроҳ карда   мешавад. Бо мақсади пешгирии бемориҳои норасоии йод Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 «Қонун дар бораи йоднокгардонии намак»-ро қабул кард, ки он худ  нишонаи ғамхории давлат дар ҳифзи саломатии шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад.

Бояд қайд намуд, ки яке аз нишондодҳои асосии соҳа ин нерӯи кадрӣ ба шумор рафта, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 206 нафар эндокринологҳо фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 8-нафар эндокринологҳои кӯдакона мебошанд. Ҳамзамон, аз ин шумора профессор 1-нафар, номзади илми тиб  3-нафар, табибони дараҷаи олӣ 67-нафар, дараҷаи якум 31-нафар, дараҷаи дуюм 29-нафар (71-нафари онҳо бе дараҷа  аз ҳисоби собиқаи кории кам аз 7 сол доранд) фаъолият менамоянд.

Давоми  8 моҳи соли 2020 ҷиҳати такмил додани барномаҳои омӯзишӣ ва бозомӯзии касбии табибон, кормандони миёнаи тиббӣ ва донишҷӯён оид ба диабетологӣ, дар заминаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 нафар ординатори  клиникӣ, 4 нафар интерна, 10 нафар такмили ихтисоси табибон, 4 нафар такмили ихтисоси ҳамшираҳои тиб омӯзонида шуданд.

Ҳамзамон, дар заминаи муассисаҳои соҳаи эндокринология ва як қатор  шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои кишвар  «Ҳуҷраҳои фаҳмондадиҳӣ барои беморони диабети қанд» ташкил ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуданд. Дарсҳои омӯзишии беморон тавассути компютер бо забони тоҷикӣ ва русӣ гузаронида шуда, давоми 8 моҳи соли 2020  6675 нафар беморон тавассути ин ҳуҷраҳо мувофиқи нақшаи  ягона омӯзонида шуданд.

Инчунин, бояд қайд кард, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар шаҳри Душанбе Мактаби муосири диабет таъсис дода шуд. Мактаби мазкур барои кӯмаки тарзи ҳаёти солим дар байни беморони диабети қанд ва фарбеҳӣ мусоидат мекунад. Дар ин мактаб то имрӯз 317 нафар беморони диабети қанд омӯзонида шуданд.

Дар 8 моҳи соли 2020 аз ҷониби мутахассисони соҳаи эндокринологияи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ зиёда аз  10139 нафар шаҳрвандон, ки ба гурӯҳҳои хавфнок (фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, аъзои оилаҳое, ки бемории диабети қанд доранд) шомиланд, аз муоина ва ташхиси қанди хун гузаронида шуданд.

Бо мақсади истифодаи дастовардҳои навтарини илм ҷиҳати пешгирии нефропатия дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ», Маркази шаҳрии бемориҳои ғадудҳои дарунаи шаҳри Душанбе, Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд, марказҳои эндокринологии шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон усули санҷиши микроалбумин дар пешоб ба роҳ монда шудааст. Баҳри пешгирии нейропатия дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ», Маркази клиникави эндокринологии вилояти Суғд ва Маркази клиникии эндокринологии вилояти Хатлон усули ташхиси фаросавтӣ тавассути доплери рагҳо ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади беҳтар намудани ташхису табобати бемориҳои эндокринологӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои  эндокринологии кишвар, давоми солҳои охир як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, заминаи ташхисии бемориҳои эндокринологӣ  боз ҳам васеъ ва пурқувват  гардонида шуд, инчунин, воситаҳои наву пешрафтаи ташхиси бемории диабети қанд ва дигар бемориҳои эндокринологӣ барои эҳтиёҷмандон дастрас гардид. Аз ҷумла  дастгоҳи ташхисии биокимиёвӣ, дастгоҳи иммуноферментӣ барои таҳлили гормонҳо, анализатор барои санҷиши гемоглобини гликолизшуда ва микроалбумин дар пешоб барои ташхиси бемориҳои эндокринологӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ Эхо-Доплер, ки муайян намудани оризаҳои барвақтии диабети қандро имконпазир мегардонад, далели гуфтаҳои  боло мебошанд

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки табибони эндокринологи ҷумҳурӣ бо «Дастурҳои клиникӣ оид ба ташхис ва муолиҷаи бемориҳои эндокринологӣ» таъмин мебошанд. Муоинаҳо ва табобати беморон дар марказҳои эндокринологии ҷумҳурӣ тибқи «Дастурҳои клиникӣ оид ба ташхис ва муолиҷаи бемориҳои эндокринологӣ» бо номгӯи  21 адад ба роҳ монда шудааст.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ”    нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, ҳар ҳафта шанбегӣ гузаронида мешавад.

Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ” ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти солимгардонии аҳолӣ минбаъд низ тамоми талош ва кӯшиши хешро равона сохта, дар ин самт фаъолияти хешро боз ҳам пурзӯр хоҳанд намуд.

(Акс аз манбаъҳои дастрас)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,026
  • 1,263
  • 842,775