Баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар вазорат ба тариқи интернет-пурсиш ҷараён дорад

Баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар вазорат  ба тариқи интернет-пурсиш ҷараён дорад
Октябр 04
15:35 2020

Тавре иттилоъ дорем, аз 1 то 15 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Чунин татқиқот дар 10 сол як маротиба гузаронида мешавад.

Мақсад аз баруйхатгирӣ муайян кардани  шумораи аҳоли кишвар, ҷинс, синну сол, фарзандон, муайян кардани нафароне, ки таваллуд шудаанд ва ё фавтидаанд, муайян кардани сатҳи солимии аҳолӣ, алалхусус, сатҳи биноӣ, шунавоӣ, фаромушхотирӣ ва дигар бемориҳое, ки вобаста ба узвҳои ҳаракату такя мансуб мебошанд  ва ҳамзамон, муайян намудани маъюбияти аҳолӣ  мебошад.

Ҳамзамон, бо мақсади муайян намудани шароити зисту зиндагонии сокинони кишвар баруйхатгирии фонди манзил низ гузаронида мешавад.

дар ҳамин ҳол Сафаров Сайфиддин, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ мегуяд, бори аввал баруйхатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вазорату идораҳо ба тариқи интернет-пурсиш гузаронида мешавад.

“Имрӯз мо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсиши кормандони дастгоҳи марказӣ ва як қатор муассисаҳои ҷумҳуриявиро бо тариқи интернет-пурсиш баргузор намуда истодаем”,-афзуд номбурда.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 64
  • 662
  • 461,433