Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт: Сифати таълим беҳтар мегардад

Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт: Сифати таълим беҳтар мегардад
Октябр 08
12:28 2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Прездиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш роҳбарону масъулони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон дар тарбияи  насли наврас диққати бештар диҳанд. Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт низ фаъолияти худро баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф равона карда, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми арзанда мегузорад.

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру супоришҳои раиси ноҳияи Рашт мудом тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Дар коллеҷи тиббии мазкур дар баробари таълими фанҳои тахассусӣ фанҳои гуманитарӣ низ таълим дода мешаванд. Дарсҳои техникаи информатсионӣ пурра дар синфхонаи компютерӣ гузаронида мешавад. Дар айни ҳол 78 адад компютер, 2 адад нотбук, 4 адад тахтаи электронӣ ва 3 адад проектор мавҷуд ҳастанд, ки 4 адади онҳо ба хати интернет пайваст карда шудаанд, то хонандагон аз ҳаводиси ҷаҳон огаҳӣ дошта бошанд.

Консепсияи миллии тарбия, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 таҳти рақами №94 тасдиқ шудааст, дар самти дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ бо роҳҳои гунонун амалӣ гардонида мешавад. Ҳамаи нақшаҳои корҳои тарбиявии омӯзгорон дар асоси ин ҳуҷҷат тартиб дода шуда, оид ба амалӣ гардонидани 18 номгӯи унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ чорабиниҳои муфид ба нақша гирифта мешавад. Яке аз онҳо гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ҳафтае як маротиба аст ва дар бораи ҳар як номгӯи тарбияи миллӣ ба шогирдон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Моҳе як маротиба «Рӯзи тарбия» гузаронида мешавад, ки донишҷӯён бевосита атрофи мавзуҳои муҳими тарбиявӣ баҳсу музокираҳо менамоянд ва оид ба ҳар як унсури таркибии тарбияи миллӣ «Реферат»-ҳо тайёр менамоянд.

Муассисаи таълимии мазкур бо қарори Ҳукумати маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт 28.02.1992, №22 ва фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.5.1992, №225 таъсис дода шудааст. Муассиси таълимгоҳ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар таълимгоҳ  низомномаҳои аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиягардида мавҷуданд ва тибқи талаботи онҳо ҳуҷҷатгузорӣ ба расмият дароварда шудааст.

Дар таълимгоҳ мутахассисони миёнаи тиб аз рӯи ихтисоси 790106 — «Кори ҳамширагӣ», дар заминаи таҳсилоти асосӣ 4 сол, умумӣ 3 сол ва аз рӯи ихтисоси 790102 — «Кори момодоягӣ» дар заминаи таҳсилоти умумӣ 4 сол тайёр карда мешаванд. Муҳлати таҳсил дар коллеҷ дар заминаи таҳсилоти асосӣ 4 сол ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 3 сол муқаррар карда шуда, дар таълимгоҳ талаботҳои Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 444
  • 1,263
  • 842,193