Кӯлоб: Сифати таълим дар Коллеҷи тиббӣ беҳтар мегардад

Кӯлоб: Сифати таълим дар Коллеҷи тиббӣ беҳтар мегардад
Октябр 19
10:45 2020

Муассисаи давлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи  Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дорои заминаи бойи кадрӣ буда, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир 519 — нафар омӯзгорон  ба кор ҷалб карда шудаанд. Дар коллеҷи мазкур 5 номзади илм, аз ҷумла 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои биологӣ, 1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 1 нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент ба шогирдон дарс мегӯянд.

Роҳбарияти Коллеҷ ҳамасола бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамкорӣ менамояд. Ҳамкориҳои мазкур сабаб шуд, ки дар солҳои охир шумораи дараҷанокии омӯзгорон бештар гардад.

Қабули довталабон барои соли таҳсили 2020-2021 дар факултаҳои «Кори момодоягӣ», «Кори табобатӣ», «Кори ҳамширагӣ» (рӯзона ва шабона),  «Кори фарматсевтӣ» (рӯзона ва шабона), «Кори дандонсозӣ», «Кори лабораторӣ», тибқи натиҷаи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестӣ сурат гирифт. Нақшаи қабул барои соли таҳсили 2020-2021 аз ҷониби Маркази тестӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин ба пуррагӣ иҷро гардид: Ихтисоси  табобатӣ, Ихтисоси  ҳамширагӣ, Ихтисоси момодоягӣ, Ихтисоси  фарматсевтӣ, Ихтисоси дандонсозӣ, Ихтисоси  тиббӣ-ташхисӣ ва Ихтисоси  тиббӣ-профилактикӣ.

Айни замон дар муассисаи мазкур 3628 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 2933 нафарро духтарон, 695 нафарро писарон ташкил медиҳанд.

Тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» 5-нафар ятимони кулл ва 2-нафар маъюби гуруҳи 2-юм низ ба сафи донишҷӯён қабул карда шуданд.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дорои заминаи бойи моддӣ-техникӣ буда, аз 2-бинои таълимӣ, 1-бинои хобгоҳ барои донишҷӯён, 1- ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ, 1-маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсия, 1-маркази таълимӣ-табобатии стоматологӣ бо устохонаи дандонсозӣ, 1-маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, 93-кабинетҳои таълимӣ, 3-синфхонаи компютерӣ, 1-майдончаи варзишӣ, 1-толори варзишӣ ва 1-толори маҷлисӣ барои 170 нафар иборат мебошад.

Айни замон сохтмони бинои хобгоҳ барои донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар донишҷӯён идома дошта, зиёда аз 60%-и корҳои сохтмонӣ дар он ба анҷом расонида шудаанд.

Дар давоми соли таҳсили 2019-2020 баҳри беҳтар намудани раванди таълим 10 адад компютер, 11 адад принтерҳо, 6 адад проектор бо тахтаҳои электронӣ, 1 адад курсии дандонпизишкӣ, 350 адад мизу курсӣ барои синфхонаҳои таълимӣ харидорӣ карда шуда, шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 133-адад, принтерҳо 12-адад, тахтаҳои электронӣ 12, проектори мултимедӣ 75 ададро ташкил медиҳад.

Директори Муассисаи давлатии  таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

ба номи  Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”  

Азиззода Зубайдулло Абдулло

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 227
  • 662
  • 461,596