Имрӯз, 20 октябри соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Директори Дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо доктор Ҳанс Клуге ба тариқи виртуалӣ Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи онлайнӣ ба Дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо барои дастгирии доимӣ дар самти мубориза бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 изҳори миннатдорӣ баён намуд.
-Имрӯз аз нуқтаи назари таърихӣ рӯзи муҳим аст, зеро мо бори аввал бо шумо дар шакли виртуалӣ Созишномаи навбатии дусоларо байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ имзо мерасонем. Мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои ҳамкории глобалӣ барои рафъи бемории коронавируси нави COVID-19 содиқ мебошад,-афзуд ӯ.