Нақши Конститутсия дар рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Нақши Конститутсия дар рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Ноябр 05
13:38 2020

 Ҷамолиддин Абдуллозода,

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии

аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Айни замон мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи яке аз санаҳои муҳимии таърихӣ-Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори ин санаи муҳим ва тақдирсоз табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар кадоми онҳо бахту иқболи баланд, хуршӯзию саодатмандӣ ва тансиҳатии комилро орзумандам.

Тавре аз таърих маълум аст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул  гардида, ба он солҳои 1993, 2003  ва 2016 тағйирот ворид карда шудааст, ки он аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадаф ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ унвон намудаанд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз замоне қабул гардид, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бинобар ин, барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, ваҳдати комил, ҳифзи якпорчагии марзу буми мамлакат ва муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди тамоми  соҳаҳои кишвар зарурати қабули Конститутсия пеш омад.

Дар ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ  заминаи меъёрию ҳуқуқии тамоми соҳаҳо таъмин ва вобаста ба ҳар як бахши муҳими ҷомеа модда ва бобҳои алоҳида ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар он нақш ва мақоми хоса дорад. Масалан, дар моддаи 38-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм тадбирҳо меандешад.
Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад».

Аён аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба солимии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин давра як қатор корҳои муҳимро амалӣ намуд.

Махсусан, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар 1258 муассисаи нав сохта ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Инчунин, 29 соли охир  бо мақсади ислоҳот ва рушди соҳаи тандурустии мамлакат 45 лоиҳа, аз ҷумла 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, айни ҳол татбиқи қисме аз онҳо идома дорад, ки маблағи умумии онҳо бештар аз  ду миллиард сомониро дарбар мегирад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии аввалияи тиббӣ ройгон буда, он дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ расонида мешавад.

Давоми солҳои охир ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ, ҷиҳозонидани муассисаҳои КАТС чорабиниҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла қариб 43% муассисаҳои КАТС-и ҷумҳурӣ таъмир ва таҷҳизонида шуда, 46 нақлиёти санитарӣ харидорӣ гардид ва мутахассисон бо 1 300 адад борхалтаҳои табиби оилавӣ ва 1 450 адад борхалтаҳои кормандони миёнаи тиб таъмин карда шуданд.

Бо мақсади саривақт ва самаранок татбиқ гардидани маҷмӯи чорабиниҳои соҳавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нақшаи амалигардонии “Нақшаи стратегии рушди КАТС аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” қабул ва амалӣ шуда истодааст.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 15 марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ ва 11 шӯъбаҳои таълимию клиникии тибби оилавии шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд. Инчунин, рушди заминаи таълимӣ ва клиникии тарбия ва бозомӯзии кадрҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ оид ба амалияи тибби оилавӣ беҳтар шуда, шумораи табибони оилавӣ омӯзонида шуданд. Бо мақсади устуворнокии раванди вориднамоии тибби оилавӣ мунтазам табибону ҳамшираҳои омӯзонидашуда бо борхалтаҳои тиббӣ таъмин карда шуда истодаанд.

Маблағҳое, ки барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии соҳаи тандурустӣ ҷудо гардидаанд, дар даҳ соли охир 9 маротиба зиёд шуданд. Масалан, агар соли 1998 ба  шабакаи муассисаҳои КАТС-и кишвар танҳо 15.9% маблағ ҷудо гардида бошад, соли 2018 ин рақам ба 40% расонида шуд.

Ҳифзи саломатии модарону кӯдакон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Вобаста ба масъалаи мазкур низ дар моддаи 34-и Конститутсияи кишвар чунин омадааст: “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.
Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои муҳим давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон ва модарон ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Масалан, агар соли 1991 нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то яксола ба 40,9 баробар шуда бошад,  ин шумора соли 2019 ба 14,9 нисбат ба 1000 зиндатаваллудро  ташкил намудааст.

Ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар кишвар як  қатор муассисаҳои нави замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъбон мақоми хоса дорад.

Аз  ин ҷост, ки Сарвари давлат пайваста ба ятимон муроҷиат намуда мегуянд: “Шумо бепадару модар нестед. Падару модари Шумо давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи шахсони имконияташон аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  28 октябри соли  2016, № 455 Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 қабул ва айни замон татбиқи он идома дорад. Мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб ва фароҳам овардани муҳити мусоид ба шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Бояд гуфт, ки айни ҳол дар мамлакат зиёда аз 711 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 150 ҳазор маъюбон, ки беш аз 27 ҳазори онҳоро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шуда, қариб 15 фоизи хонаводаҳо ҳамчун оилаҳои камбизоати кишвар аз кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ бархурдор мебошанд.

Ҳамзамон, қобили зикри хос аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамон шурӯъ аз аз 1 -уми сентябри соли 2020 андозаи ҳадди ақалли нафақа барои 14 706 нафар кӯдакони маъюби то 18 -сола ва 14 997 нафар маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, ки аз кӯдакӣ кор намекунанд ба андозаи 50 фоиз зиёд гардид, ки ин иқдом ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаққи табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошад.

Инчунин, дар моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: “Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад”.

Айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (хона-интернатҳо) 1174 нафар бошандагон, аз ҷумла 598 нафар мард, 476 нафар зан ва аз инҳо 100 нафараш кӯдакони маъюб мебошанд. Аз ин шумора маъюбони гурӯҳи якум – 268 нафар, маъюбони гурӯҳи дуюм – 564 нафар, маъюбони гурӯҳи сеюм – 12 нафар, ҳамзамон 17 нафар ятимони кул, 38 нафар нимятим ва аз оилаҳои камбизоат 79 нафар дар таъминоти давлатӣ қарор доранд.

Дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳоло 43 адад марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият доранд, ки давоми 9 моҳи соли 2020 ба 5271 нафар истифодабарандагон хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, равонӣ  ҳуқуқӣ расониданд, ки аз инҳо 4391 нафар пиронсолону маъюбон ва 880 нафарро кӯдакони имконияташон маҳдуд ташкил менамояд.

Ғайр аз ин, дар соли 2020 42 марказҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта таъсис дода шудаанд, ки барои ташкил намудани онҳо аз буҷети ҷумҳурӣ 8 миллиону 894 ҳазору 80 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як сохтори босалоҳият дар самти амалӣ намудани моддаҳои дар боло зикршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри беҳтар намудани хизматрасонии босифатӣ тиббӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 935
  • 1,263
  • 842,684