Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустӣ

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустӣ
Ноябр 16
14:07 2020

Бахшида ба санаи муҳими таърихӣ-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 16 ноябр аз ҷониби мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, дар муассисаҳои тандурустии кишвар чорабиниҳои тантанавӣ  доир карда шуданд.

14 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон-“Шифобахш” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он  директори муассисаи мазкур Хизматулло Шамсзода, раиси иттифоқи касаба, муовинони директор, мудирони шӯъбаҳо ва доираи васеи кормандони марказ иштирок намуданд.

Чорабиниро директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон-“Шифобахш” Хизматулло Шамсзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ҳамаи мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки маҳз ба шарофати сиёсати муваффақона, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиштагии Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи  миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

-Мо эътимоди комил дорем, ки кормандони марказ бо Ватани соҳибистиқлолу диёри биҳиштосо, Сарвари маҳбуб -Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, интизоми намунавӣ дар рушду нумӯъ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳм хоҳанд гузошт,-дар охир таъкид дошт Хизматулло Шамсзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон-“Шифобахш”.

Инчунин, ба муносибати  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” низ бо иштироки роҳбарият ва доираи васеи кормандони муассисаи мазкур чорабинии идона доир гардид.

Дар ҷаласа директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Хуршед Рустамзода доир ба кору зиндагӣ ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Номбурда аз ҷумла иброз дошт, ки дар як давраи басо душвор ин марди олиму оқил ва фозилу хирадманд давлатро аз вартаи нестшавӣ наҷот додаву мардумро атрофаш мутаҳҳид сохта, дар кишвар фазои оромиву осоиштагӣ ва ваҳдату якдилиро ҳукмрон  намуд.

Дар чорабинии мазкур таъкид гардид, ки натиҷаи татбиқи барнома ва стратегияҳо ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки танҳо давоми чанд соли охир дар кишвар садҳо иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳо бунёд  ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, ба истифода дода шаванд.

Хушбахтона, имрӯзҳо  табибони  мо бо истифодаи дастгоҳҳои пешрафтаи тиб метавонанд мушкилтарин амалиётҳои ҷарроҳиро дар дохили кишвар анҷом диҳанд, ки ин омил аз пешрафти соҳаи тандурустӣ дар мамлакат дарак медиҳад.

Дар идомаи чорабинии мазкур Рауф Рофиев, профессор, собиқадори меҳнат, Ҳалима Рофиева, мудири шуъбаи бемориҳои дил, Зулфия Алиева, муовини раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи ҲХДТ дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” доир ба корнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”,  Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул”, раёсати фарматсия ва молҳои тиббии вазорат  ва дигар муассисаҳои тандурустии кишвар низ чунин чорабиниҳои идона дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 388
  • 554
  • 465,088