Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар саммити навоварӣ барои саломатӣ иштирок намуд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар саммити навоварӣ барои саломатӣ иштирок намуд
Ноябр 17
16:57 2020

17 ноябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар  “Саммити навоварӣ барои саломатӣ”, ки таҳти сарпарастии  Шайха Муза бинт Носир, Раиси Шӯрои  мудирони Муассисаи  Қатар зери шиори “Дунёи ягона. Баҳри сиҳатмандии мо”  ба тариқи онлайн сурат гирифт, иштирок намуд.

Саммити мазкур 15  ноябр оғоз гардида, то 19 ноябри соли ҷорӣ  идома хоҳад ёфт.

Ҷаласа бо суханронии профессор Лорд Дарзӣ, Раиси иҷроияи Шӯрои директорони “Саммити навоварӣ барои саломатӣ” ва Шайха Муза бинт Носир оғоз гардида,  дар идома вобаста ба вазъи саломатии одамон  ва хатари  мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар минтақаҳои гуногуни олам филми мустанад намоиш дода шуд.

Пасон Тедрос Аданом Гебреисус, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ низ дар ин чорабинӣ суханронӣ ва  нигаронии амиқи худро  дар робита ба зуҳур ва паҳншавии  бемории COVID-19 иброз намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ  даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва  пешгирии бемории мазкур саҳмгузор бошанд.

Бояд гуфт, ки дар ин саммит беш аз 2800 нафар намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои олам ва намояндагони созмону ташкилотҳои хусусии соҳавӣ иштирок намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 354
  • 554
  • 465,054