Ҳамкориҳои вазорат бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон тақвият меёбанд

Ҳамкориҳои вазорат бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон тақвият меёбанд
Ноябр 18
11:02 2020

Имрӯз, 18 ноябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Мунео Такасака вохурӣ намуд.

Зимни мулоқот вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон изҳори қаноматмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Ҷопон изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Зикр гардид, ки намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон яке аз шарикони фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки айни замон як қатор лоиҳаҳоро баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар амалӣ намуда истодааст.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо  ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ  иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 370
  • 554
  • 465,070