Ваҳдат: Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 5 бунгоҳи тиббӣ

Ваҳдат: Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 5 бунгоҳи тиббӣ
Ноябр 21
13:52 2020

Бунёди муассисаҳои тандурустии замонавӣ ва бо таҷҳизоти навтарини соҳавӣ таъмин намудани онҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати таъмини солимии аҳолӣ ба шумор меравад.

Махсусан, тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар садҳо иншооти тандурустии замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз ҷумла танҳо соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат 5 бунгоҳи тиббии хуштарҳ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат азнавсозӣ, бунёд ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин раванд дар самти таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ   заминаи устувор хоҳад гузошт.

(Акс аз манбаъҳои дастрас)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 333
  • 554
  • 465,033