Омодагии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021

Омодагии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021
Ноябр 24
09:21 2020

Ҷиҳати иҷрои қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2020, №241 «Дар бораи саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ба тавсиб расида, тибқи он ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунанда ва Нақша чорабиниҳо тартиб дода шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ кушиш ба харҷ дода, барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида, аз тарафи роҳбарони муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо то имрӯз амалӣ шудаанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармоишҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.

Барои таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  барои барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони  солҳои 2020-2021 сӯзишворӣ тибқи нақша  ангишт  9366,3  тонна-дар асл 9371,6 тонна (100,1%),  ҳезум 6726,8 м3- дар асл 7051,3 м3 (104,8%), сӯзишворӣ 65214,0 литр -дар асл 65709,0 литр (100,8%)  захира карда шудааст.

Бояд гуфт, ки айни ҳол муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дорои 881 адад генераторҳои барқӣ буда, барои онҳо 65709,0 литр сӯзишворӣ захира гардидааст, ки он 100,8%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад ва дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар Вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон  генераторҳои барқӣ бо миқдори 41 адад,  бо захираи 2147,0  литр сӯзишворӣ, вилояти Хатлон -285 адад, 22540,0 литр сӯзишворӣ, вилояти Суғд -231 адад, 10535,0 литр сӯзишворӣ, шаҳри Душанбе -117 адад, 7700 литр сӯзишворӣ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -134 адад, 6545,0 литр сӯзишворӣ, муассисаҳои ҷумҳуриявии тандурустӣ -66 адад, 11642,0 литр сӯзишворӣ ва муассисаҳои ҷумҳуриявии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ -7 адад 4600,0 литр сӯзишворӣ омода карда шудааст.

Миқдори дегхонаҳои буғии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 129 адад дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 адад, вилояти Хатлон 11 адад,  вилояти Суғд 79 адад, шаҳри Душанбе 4 адад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 адад ва муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриявӣ 14 адад дегхонаҳои буғӣ омода мебошанд.

Бо мақсади истифодаи самараноки энергияи гармӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии  шаҳри Душанбе аз 106 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд, аз ин 67 муассиса ба шабакаҳои гармидиҳии марказӣ пайваст мебошанд, инчунин, 13 муассиса аз дегхонаҳои локалӣ гармиро истифода мебаранд ва дар 26 муассиса системаи дохилӣ барои қабули гармии мутамарказ омода буда, дар ҳолати гузаронидани хатҳои шабакаҳои гармидиҳӣ дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо ба ин хат пайваст карда мешаванд.

Инчунин, барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 11287 адад печкаи барқӣ ва 5139 адад печкаи аловӣ барои истифодабарӣ омода мебошанд.

Вобаста ба таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  барои зимистони солҳои 2020-2021 маводҳои хурока аз ҷумла, картошка 250,8 тонна, пиёз 121,5 тонна,  равған  39533,8 литр, орд  259,2 тонна ва дигар намуди хӯрока 178,6 тонна захира  карда шудааст.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти беморон  бо  маводи ғизоӣ дар назди як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ 210,3 га замин ҳамчун заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шудааст, ки аз ин 144,03 га заминҳои полезӣ ва 66,28 га дигараш бошад, боғҳои мевадиҳанда ва дарахтони сояафканро дарбар мегирад. Дар заминҳои полезӣ сабзавотҳо, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, лаблабу, каду ва дигар маҳсулотҳо парвариш гардида, барои истифодаи беморон ва бошандагон  пешбинӣ гардидаанд.

Сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии

буҷети соҳаҳои тандурустии вазорат   

Шарифов Зайнулло

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Январ 2021
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« டிசம்பர்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 83
  • 496
  • 493,460