Ваҳдат: Сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказӣ беҳтар мешавад

Ваҳдат: Сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказӣ беҳтар мешавад
Декабр 16
12:47 2020

Боиси хушнудист, ки давоми солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Ваҳдат низ рушд намуда, истодааст.

Дар ин росто, қайд намудан ба маврид аст, ки хизматрасонии тиббии госпиталиро ба аҳолии шаҳри Ваҳдат Беморхонаи марказӣ бо 457 кат, 6 беморхонаҳои минтақавии рақамдор бо 215 кат, Муассисаи давлатии худмаблағгузории «Маркази ҷарроҳӣ» бо 25 кат, Маркази шикастабандӣ ва осебшиносии «Нури Ваҳдат» бо 8 кат, Маркази ташхисию табобатии «Шафқат» бо  15 кат ва Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» бо 25 кат, Маркази ташхисию табобатии «Парастор» бо 60 кат, Маркази ташхисию табобатии «Ҳаёт» бо 10 кат ва Маркази ташхисию табобатии эндоҷарроҳии шаҳри Ваҳдат, ки  дар умум 831 катро ташкил медиҳанд, мерасонанд. Ҳамзамон, кӯмаки аввалияи тиббию санитариро  ба аҳолии шаҳри мазкур Маркази саломатии шаҳрӣ бо филиалаш, 30 марказҳои саломатии деҳот, 79 бунгоҳҳои саломатӣ таъмин менамоянд. Инчунин, хизматрасонии тиббиро ба аҳолии шаҳри Ваҳдат  Маркази  ёрии таъҷилӣ, марказҳои солимии репродуктивӣ, мубориза алайҳи бемориҳои сил, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, мубориза бар зидди бемории ВИЧ/СПИД, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази байни ноҳиявии экспертизаи тиббию  судӣ ва Маркази стоматологӣ мерасонанд.

Инчунин, дар назди Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Шӯрои тиббии кормандони соҳаи тандурустӣ иборат аз  7 нафар,  раис ва 1 нафар котиб, ки бо қарори раиси шаҳр тасдиқ шудааст, фаъолият менамояд. Мувофиқи нақша, давоми 9 моҳи равон 4 ҷаласаи Шӯрои тиббии  кормандони соҳаи тандурустии беморхонаи мазкур гузаронида шуда, дар он 24 масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта шуданд.

Айни замон дар соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат 2453 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Аз ин ҳисоб табибон 360 нафар, ки 124 нафарашон мутахассисони собиқаи кории то 5 сола,  1406 нафар кормандони миёнаи тиб, ки аз ин ҳисоб 649 нафарашон кормандони собиқаи кории то 5 сола мебошанд, фаъолияти пурсамар доранд.

Теъдоди гузаштани кормандон аз такмили ихтисос мувофиқи нақшаи гузаштани такмили ихтисоси кормандон ба роҳ монда шудааст. Давоми 9 моҳи   соли равон  18 нафар табибон ва  57 нафар кормандони миёнаи тиб  аз давраи бозомӯзӣ гузаштаанд.

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 18 нафар ва 85 нафар  хатмкунандагони Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, давоми солҳои охир бо ҷои кор таъмин намудан, сатҳи  дараҷанокӣ ва гузаштани кормандон аз такмили ихтисос баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи тиб дар шаҳри Ваҳдат афзуда истодааст, ки ин омил хизматрасонии босифати тиббиро ба аҳолӣ таъмин менамояд.

Инчунин, бояд гуфт, ки баҳри амалисозии «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020»  дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Нақшаи чорабиниҳо тартиб ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати татбиқи барнома ташкил карда шуд.

Айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат 4423 нафар шаҳрванд ҳамчун маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки 968 нафарашон шаҳрвандони то 18 сола  мебошанд. Аз ин миқдор гурӯҳи якум 485 нафар, гурӯҳи дуюм 1940 нафар ва гурӯҳи сеюм 1030 нафарро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки маъюбон бо пуррагӣ аз муоинаи даврии тиббӣ гузаронида шудаанд. Ҳамзамон, ҳамаи маъюбони синни то 18 сола барои таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаро гирифта, барои таҳсили онҳо тамоми  шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ҳама шӯъбаҳои бистаринамоии Беморхонаи марказии шаҳр ҳуҷраҳои алоҳида барои табобати гурӯҳҳои имтиёздошта ҷудо  ва бо таҷҳизоти лозима ҷиҳозонида шудааст. Муоина, ташхис ва табобати ин гурӯҳ шахсон тариқи ройгон ба роҳ монда  мешавад.

Маркази  солимии  репродуктивии шаҳр давоми  9 моҳи  равон нақшаи чорабиниҳо оид ба солимгардонии занони қобили таваллудро дар  якҷоягӣ бо ҳуҷраи бемориҳои эндокринологӣ, хуҷраи бемориҳои сироятӣ, бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобгузар, ҳуҷраи дилу рагҳои хунгарди Маркази саломатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо марказҳои мубориза  бар зидди ВНМО/БПНМ  ва   мубориза алайҳи бемориҳои сил тартиб дод, ки он аз тарафи  роҳбари  беморхона тасдиқ   ва мавриди амал қарор дода шуд.

Дар ин давра аз тарафи  кормандони Маркази солимии репродуктивӣ дҳар шаҳри Ваҳдат  135  маротиба дар байни аҳолии шаҳру деҳот вохуриҳои фаҳмондадиҳӣ  оид ба мавзӯъҳои «Оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ», «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Солимии репродуктивии ҷавонон», «Тарзи либоспушии занон ва духтарон», «Баланд бардоштани сатҳи маънавиёти занон», «Баланд бардоштани  ҳуқуқҳои шаҳрдорӣ», «Тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи хонаҳо», «Омилҳои хатар ҳангоми ҳомиладорӣ», «Зоишҳои хонагӣ ва оқибати он» ва «Бемориҳои бо роҳи алоқаи  ҷинсӣ гузаранда» гузаронида шуд.

Давоми 9 моҳи соли равон дар  30 марказҳои саломатии деҳот ва 79 бунгоҳҳои саломатии шаҳр 125 маротиба мониторинг гузаронида шуд, ки мақсад аз гузаронидани мониторингҳо на танҳо санҷиши сатҳ ва сифати коргузорӣ дар муассисаҳо, инчунин, расонидани ёрии машваратию-тиббии босифат ба беморон мебошад.

Бояд гуфт, ки  дар сохтори гопиталии Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат дар шӯъбаи муоилиҷавӣ дар тули 9 моҳи соли равон 40  бемор бо диабети қанд бистарӣ шудаанд.

Сохтори госпиталӣ бо фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2010, №27 таъсис дода шудааст, ки дар он айни замон 1351 нафар кормандон ба аҳолии шаҳру деҳот хизмати тиббии статсионариро мерасонанд.

Давоми 9 моҳи соли равон дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Ваҳдат як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла дар ҳудуди бинои маъмурияти Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат корҳои ободонӣ гузаронида шуданд. Махсусан, 200м роҳравҳои ҳудуди беморхона асфалтпушт карда шуда, дар гирду атрофи беморхона 330 адад дарахтони мевадиҳанда ва 210 адад дарахтони сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Инчунин, шӯъбаҳои урологӣ, ҷарроҳии калонсолон, кӯдакона, таваллуд ва бемориҳои дил  аз таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, фаввораи назди маъмурияти Беморхонаи марказӣ азнавсозӣ ва аз таъмир бароварда шуд.

Роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати мустаҳкам намудани баъзаи моддию техникии беморхонаи мазкур ва ҷиҳозонидани он  бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ баҳри саривақт гузаронидани ташхис ва табобат як қатор корҳоро ба нақша гирифтааст.

Роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳанд сохт.

 Сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат

Сироҷиддин Раҳмонов

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,137
  • 1,168
  • 841,623