Кӯмаки 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии сайёр ба вазорат

Кӯмаки 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии сайёр ба вазорат
Декабр 26
13:07 2020

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд  миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 26 декабри соли равон аз ҷониби кишвари Қазоқистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии сайёр тақдим карда шуд.

Зимни тақдими таҷҳизоти мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода,  Сафири кишвари Қазоқистон  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳангоми муроҷиати беморон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии сайёрро метавон ба воситаи нақлиёти ёрии таъҷилӣ барои кӯмак ба беморон  интиқол дод. Махсусан, дастгоҳҳои мазкур имкон доранд, ки дар шароити дашту саҳро ва ҳангоми набудани неруи барқ ба беморон кӯмак расонанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарият вазорат ба Ҳукумати Қазоқистон ҷиҳати  расонидани кӯмаки таҷҳизоти мазкур дар самти табобати беморон  изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки хушбахтона  имрӯзҳо ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.

Сафири Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аскар Тоҷибоев иброз дошт, ки кӯмаки мазкур идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯсту бародар ба ҳисоб меравад, ки он натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони олии ҳарду кишвар ба шумор меравад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Январ 2021
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« டிசம்பர்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 63
  • 496
  • 493,440