Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат ҷараёни татбиқи нақша ва барномаи соҳавӣ таҳлил ва баррасӣ гардиданд

Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат ҷараёни татбиқи нақша ва барномаи соҳавӣ таҳлил ва баррасӣ гардиданд
Декабр 29
17:55 2020

Бегоҳии имрӯз, 29 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи  вазорат доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Самариддин Ализода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, сардорони хадамотҳои соҳавӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи онлайн иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат се  масъала: “Ҷараёни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 таҳти №317 “Дар бораи Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Таҳлили вазъи сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ба ҷумҳурӣ воридгардида» ва “Амалигардонидании  «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар мавзӯи якум, яъне “Ҷараёни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 таҳти №317 “Дар бораи Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии вазорат Илҳом Бандаев баромад намуд.

Тавре зикр гардид, бо мақсади саривақт ва самаранок татбиқ гардидани маҷмуи чорабиниҳои соҳавӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нақшаи амалигардонии “Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар давоми соли 2020” таҳия ва дар таърихи 24 декабри соли 2019 тасдиқ карда шуда, ҳайати Котибот барои мониторингу арзёбии тамоми равандҳои амалигардонии ҳуҷҷати мазкур дар ҷаласаҳои кории шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам баррасӣ карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки “Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар доираи татбиқи равандҳои афзалиятноки “Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020”, “Ҳадафҳои рушди устувор”, “Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ” ва «Сиёсати давлатҳои Аврупо дар соҳаи тандурустӣ дар давраи то соли 2020» таҳия гардида, ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани сифат, дастрасӣ ва самаранокии маҷмуи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад.

Дар доираи ҳамгироии ташаккули тарзи ҳаёти солим аз ҷониби кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС мунтазам вохуриҳо гузаронида мешаванд. Масалан, танҳо дар нимсолаи якуми соли 2020 зиёда аз 300 вохуриҳои иттилоотӣ бо аҳолӣ вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус ва дигар сироятҳои вирусии ҳамшабеҳи коронавирусҳо гузаронида шуданд. Ҳамзамон, дар байни аҳолӣ 1500 адад варақаҳои иттилоотӣ, 3500 адад буклет, 800 адад брашураҳо ва овезаҳо тақсим гардида, дар шабакаи муассисаҳои КАТС гӯшаҳои иттилоотии «Тавсияҳо оид ба пешгирии коронавирус» ташкил карда шудаанд. Ҳамчунин, танҳо дар соли 2020 вобаста ба мавзӯъҳои мазкур зиёда аз 87 барномаҳои телевизионӣ ва 14 радиоӣ омода карда шуданд.

Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани иттилоотнокии аҳолӣ оид ба рукнҳои асосии тибби оилавӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар давраи ҳисоботӣ як қатор барномаҳои телевизионию радиоӣ ва буклетҳо омода карда шуданд. Дар баробари ин, барои кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС дастурамалҳои амалӣ оид ба пешгирии бемории камхунӣ, бемории ҷоғар ва пешгирии он, пешгирӣ ва чораҳои амалӣ баҳри мубориза бар зидди гелминтозҳо ва оид ба  бемориҳои дил, ҳассосӣ ва табларза омода карда шуданд. Аз он ҷумла театри сайёр оид ба бемории сил ташкил карда шуд ва зиёда аз 20 ҳазор аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тамошои саҳнаҳои ҷолиб фаро гирифта шуданд.

Оид ба мавзӯи дуюми ҷаласа, яъне «Дар бораи таҳлили вазъи сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ба ҷумҳурӣ воридгардида» муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қадамов Идибек суханронӣ намуд.

Бояд гуфт, ки таъмини аҳолии мамлакат бо маводҳои дорувории безарару хушсифат яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Қайд гардид, ки давоми 11 моҳи соли  равон Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи нақшаҳои корҳои омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот, назорати фаъолияти фарматсевтӣ, сертификатсиякунонии маводхои доруворӣ ва бақайдгириро идома дод.

Ҳамзамон, дар ин давра аз тарафи Хадамот фаъолияти  644  муассисаҳои фарматсевтӣ ва 266 муассисаҳои табобатию профилактикӣ зери назорат қарор дода шуданд.

Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 823 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 45632 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо 568 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 8155 адад, 249 номгуй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 6555 адад, 6 номгӯй маводи дорувории ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгуй набуда ба миқдори 30922 адад мебошанд.

Доир ба  амалигардонидании  «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” муовини директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Саодат Азимзода баромад кард.

Зикр намудан ба маврид аст, ки “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №43 бо мақсади ҳалли масъалаҳои вазни зиёди бадан ва бемориҳои ба фарбеҳӣ алоқаманд, беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва пешгирии маъюбият таҳия гардида, дар соли 2020 барои самарабахш амалӣ намудани  он дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои далхдор  як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Мавсуф доир ба иҷроиши бандҳои барномаи мазкур муфассал маълумот пешниҳод намуда, иброз дошт, ки айни замон татбиқи барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута бомаром идома дорад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд низ вобаста ба фаъолияти хеш ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат ба тариқи онлайн суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани корҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Оид ба мавзӯъҳои баррасишуда қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Январ 2021
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« டிசம்பர்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 71
  • 496
  • 493,448