Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз шӯъбаҳои наҷоти беморхонаҳои шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дидан намуд (АКС)

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз шӯъбаҳои наҷоти беморхонаҳои шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дидан намуд (АКС)
Январ 13
09:28 2021

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар садҳо муассисаҳои тандурустии хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти мусоири тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Маҳз натиҷаи андешидани чораҳои муҳим ва саривақтӣ дар соҳа буд, ки имрӯз сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат ба талаботҳои замон ҷавобгӯ буда, шаҳрвандони кишвар имкон доранд, ки ҳатто душвортарин ҷарроҳиҳоро дар муассисаҳои кишвар  гузаранд.

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар баробари сохтмон ва азнавсозӣ ҳамчунин таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.

Махсусан, як қатор муассисаҳои тандурустие, ки барои табобати гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 ҷудо гардида буданд, пас аз шифо ёфтан ва пурра русхат шудани шаҳрвандон аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, инчунин бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд.

Дар доираи ин иқдом бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд шӯъбаҳои наҷоти беморхонаҳои марказии ноҳияи Варзоб, шаҳри Ҳисор ва Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе аз таъмири куллӣ бароварда шуданд.

Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи шӯъбаҳои мазкур 12 январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз  беморхонаҳои марказии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.

Тавре масъулин иброз доштанд,  дар баробари аз таъмири куллӣ баровардан, ҳамзамон шӯъбаҳои наҷоти беморхонаҳои мазкур бо  таҷҳизотҳои муосири тиббӣ низ таъмин гардиданд.

Аз ҷумла ба шӯъбаҳои наҷоти беморхонаҳои мазкур бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳҳои кашиши барқии ҷарроҳӣ, монитори назди кати беморон, термосканер, пулмосканер, кати электоронӣ, дастгоҳи УЗӢ, дастгоҳи рентгении рақамии сайёр, дастгоҳи ҳавотозакунак, кати функсионалӣ, респратор, маводҳои муҳофизатӣ ва ғайри дастрас гардонида шуд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки аллакай шӯъбаҳои мазкур ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргашта, дар онҳо баҳри расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти беморхонаҳои мазкур бо мақсади  беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,152
  • 1,168
  • 841,638