Дар амал ҷорӣ гардидани усулҳои нави ташхис ва табобат, таъмиру тармими шӯъбаҳо, вусъати корҳои ободониву созандагӣ: Фаъолияти “Шифобахш” дар соли 2020 натиҷагирӣ карда шуд

Дар амал ҷорӣ гардидани усулҳои нави ташхис ва табобат, таъмиру тармими шӯъбаҳо, вусъати корҳои ободониву созандагӣ: Фаъолияти “Шифобахш” дар соли 2020 натиҷагирӣ карда шуд
Январ 13
16:08 2021

Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон  “Шифобахш” дар соли 2020 имрӯз, 13 январи соли равон дар муассисаи мазкур ҷаласаи ҷамъбастӣ доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарият ва кормандони муассиса иштирок намуданд.

Хизматулло Шамсзода, директори муассисаи мазкур доир ба фаъолияти марказ дар соли 2020 баромад намуд.

Зикр гардид, ки соли 2020 маркази  номбурда ба як қатор дастовард ва мувафақиятҳои назаррас ноил гашт. Махсусан, дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи тиб, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, таъмиру тармими шӯъбаҳо ва ободониву кабудизоркунӣ корҳои муҳим ба анҷом расонида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Шифобахш”  2519 нафар кормандон  фаъолият менамоянд, ки аз  шумора 1519 нафарашон (60%) зан мебошанд. Ҳайати  кормандонро 636 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ, 1063 нафар кормандони миёнаи тиб, 608 нафар кормандони хурди тиб ва 212 нафари дигар кормандони қисми маъмурию хоҷагӣ ва муҳосибот  ташкил медиҳанд.

Айни замон дар марказ 2 нафар доктори илмҳои тиб, 30 нафар номзади илмҳои тиб, 2 нафар дорандаи ордени “Шараф”, 2 нафар дорандаи медали “Хизмати шоиста”, 1 нафар дорандаи медали “Шафқат” ва 112 нафар дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии тандурустӣ” фаъолият менамоянд.

Қайд карда шуд, ки соли равон  бо фармоиши  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 240 нафар мутахассисони ҷавон барои гузаштани интернатура қабул карда шуданд.

Дар идомаи суханронии хеш Хизматулло Шамсзода  доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти муассисаи мазкур дар соли 2020 ва нақшаҳои амал барои соли 2021 баромад намуд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин самт боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Январ 2021
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« டிசம்பர்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 73
  • 496
  • 493,450