
Ба муносибати сазовор ҷашн гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо дар вилояти Суғд сохтмон, таъмир ва азнавсозии 459 иншоотҳои соҳа ба нақша гирифта шудааст.
Давоми соли 2020 дар миқёси вилоят бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 17 беморхонаҳо, 30 бунгоҳҳои саломатӣ, 27 марказҳои саломатӣ, 4 таваллудхона, 10 нуқтаҳои хатнаи кўдакон ва 28 дорухонаҳо ба итмом расонида шуд.
Инчунин, дар ин давра сохтмони 2 марказҳои саломатии деҳот ва 13 бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Б.Ғафуров, Истаравшан, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Шаҳристон ва Ҷ.Раcулов ба итмом расонида шуда, таъмири 8 марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, 23 марказҳои саломатии деҳот ва 8 бунгоҳҳои саломатӣ низ ба анҷом расонида шуданд.
Бояд гуфт, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмиру тармими иншоотҳои соҳаи тандурустӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома дорад.