Доир ба оғози татбиқи Лоиҳаи “Модари солим-кӯдаки солим” семинари омӯзишӣ доир гардид

Доир ба оғози татбиқи Лоиҳаи “Модари солим-кӯдаки солим” семинари омӯзишӣ доир гардид
Январ 14
15:39 2021

Имрӯз, 14 январи соли равон дар Маҷмааи “Рӯдакӣ Плаза” бо мақсади баргузории баҳодиҳии фаврии сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар 12 ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Хатлон, ки дар доираи Лоиҳаи “Модари солим-кӯдаки солим” ҳамчун ноҳияҳои таҷрибавӣ интихоб шудаанд, семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва мутахассисони соҳа аз ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳии семинари мазкур иброз дошт,  ки дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ татбиқи боз як лоиҳа бо номи “Модари солим-кӯдаки солим” дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти  мазкур ба амалишавӣ оғоз менамояд.

Мақсади асосии лоиҳа беҳтар намудани вазъи ғизогирии модарон ва кӯдакон, пешгирӣ намудани беморшавӣ ва фавти онҳо ва саривақт ташхису табобат намудани ин гурӯҳи аҳолӣ мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки пеш аз оғози татбиқи лоиҳа гузаронидани баҳодиҳӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб  гузаронидани ин баҳодиҳӣ семинари мазкур давоми 3 рӯз ташкил ва баргузор карда хоҳад шуд.

Дар семинари омӯзишӣ як қатор мутахассисони варзидаи соҳа доир ба самтҳои гуногуни масъалаҳои модар ва кӯдак ба иштирокчиён маърӯзаҳо пешниҳод менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Январ 2021
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« டிசம்பர்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 145
  • 514
  • 493,026