Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба кормандони соҳаи тандурустии кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба кормандони соҳаи тандурустии кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд
Январ 26
11:56 2021

Имрӯз, 26 январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар  ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Дар ин росто, қайд намудан ба маврид аст, ки кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси баланди худшиносӣ тамошо намуданд.

Тавре Сарвари давлат зикр намуданд, бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст.

“Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд.

Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, ба кулли сокинони кишвар, ки дар чунин давраи душвору вазнин сабру таҳаммул нишон дода, ба воҳимаву таҳлука наафтоданд, баръакс, муттаҳид шуда, эҳтирому иззати ҳамдигарро ба ҷо оварданд, табибон ва оилаҳои онҳоро дастгирӣ карданд ва баробари Ҳукумат заҳмат кашиданд, инчунин, ба соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша, ки ба муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва оилаҳои камбизоат бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак расониданд, сипоси бепоён мегӯям.

Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст.

Лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

Дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷми қариб 1 миллиард сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводи муҳофизатӣ харидорӣ карда шуд.

Дигар самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ мебошад.

Бо ин мақсад, дар соли 2020–ум 108 иншооти нави тандурустӣ бунёд ва 283 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сироятёбӣ бо барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки масъалаи таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодҳои худро оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд”,-иброз доштанд зимни Паёми хеш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Маврид ба зикр аст, ки Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар низ муташаккилона тамошо намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 821
  • 1,168
  • 841,307