Хатлон: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустӣ шинос шуда, инчунин бо шаҳрвандон гуфтугӯи озод анҷом дод (АКС)

Хатлон: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустӣ шинос шуда, инчунин бо шаҳрвандон гуфтугӯи озод анҷом дод (АКС)
Феврал 04
11:58 2021

Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, гуфтугӯи озод анҷом додан бо шаҳрвандон, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуд.

Дар доираи сафари кории хеш ба вилояти Хатлон нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти корҳои сохтмонии Маркази саломатӣ дар ноҳияи Қубодиён, ки бо маблағгузории Ҷумҳурии Узбекистон сохта мешавад, дидан намуд.

Зимни шиносоӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додан ва вусъат бахшидани  корҳои сохтмонии маркази саломатии мазкур аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  кишвар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин, дар доираи сафари корӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти хизматрасонии тиббии  Беморхонаи вилоятии шаҳри Бохтар, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Қубодиён, Носири Хусрав, Шаҳритус, Дӯстӣ ва Хуросон  дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.

Дар ҷараёни боздиди хеш аз муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои болозикр вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулини беморхонаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаҳои марказии ноҳияҳои болозикр бо як қатор беморон ва наздикони онҳо гуфтугӯи озод анҷом дода, доир ба рафти хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд. Аз ҷумла зимни суҳбат  номбурда иброз дошт, ки беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Махсусан, зикр гардид, ки имрӯз соҳаи тандурустӣ зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт  тадбриҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ шуда истодаанд.

Новобаста ба он, ки тайи рӯзҳои охир дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки қоидаҳои пешгирикунандаи бемории мазкурро қатъиян риоя намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2021
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 15
  • 661
  • 525,037