ҲИФЗИ СИҲАТИИ МАРДУМ. МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

ҲИФЗИ СИҲАТИИ МАРДУМ. МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ
Феврал 15
08:42 2021
Боиси хушнудист, ки давоми солҳои охир ироаи Паёми Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба ҳамоиши муҳими умумимиллӣ табдил ёфтаасту сокинони кишвар онро бесаброна интизор мешаванд. Дар баробари  кормандони касбу кори гуногун кормандони соҳаи тандурустии мамлакат низ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ тамошо намуданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд. Инчунин, Пешвои миллат ба кулли сокинони кишвар, ки дар чунин давраи душвору вазнин сабру таҳаммул нишон дода, ба воҳимаву таҳлука наафтоданд, баръакс, муттаҳид шуда, эҳтирому иззати ҳамдигарро ба ҷо оварданд, табибон ва оилаҳои онҳоро дастгирӣ карданд, ҳамчунин, ба соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша, ки ба муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва оилаҳои камбизоат бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак расонданд сипоси бепоён иброз намуданд.
Дар Паём зикр гардид, ки давоми соли 2020 ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз Буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ равона шуд. Тавре Сарвари давлат иброз доштанд, дар ин давра дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии COVID – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 табибу корманди тиббӣ сафарбар гардида, илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода шуд. Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод гардид.
Бо назардошти он, ки давоми солҳои охир сироятёбӣ ва барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст, Сарвари давлат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар супориш доданд, ки таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд. Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъсиси маркази мазкур, аллакай, аз ҷониби вазорат тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Бо назардошти он, ки аз моҳи январи соли 2021  бемории COVID – 19  аз байн рафтааст, Сарвари давлат аз кулли сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба бепарвоӣ ва саҳланкорӣ роҳ надода, қоидаҳои пешгирикунандаи ин бемориро қатъиян риоя намоянд. Мо  кормандони соҳаи тандурустии мамлакат тавсия ва пешниҳодҳоеро, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш иброз доштанд,  минбаъд низ сармашқи фаъолияти кориамон қарор дода, дар самти таъмини солимии аҳолии кишвар тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳем сохт.
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,
вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2021
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 42
  • 661
  • 525,064