Хизматулло Шамсзода: Ҳадаф-таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ

Хизматулло Шамсзода: Ҳадаф-таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ
Феврал 18
15:57 2021

Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” муассисаи калонтарини табобатии махсусгардонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки фаъолияти он ба ташхис, муолиҷа ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ва нақшавӣ ба беморони ҷумҳурӣ равона гардидааст. Муассиса соли 1964 сохта ба истифода дода шудааст. Он дорои 8 бинои сеошёна, як бинои дуошёна, 4 бинои якошёна ва қисми хоҷагидорӣ мебошад. Марказ дорои 61 шуъбаҳои гуногун мебошад, ки аз онҳо 35 адад шуъбаҳои табобатӣ ва 26 адад шуъбаҳои ёрирасонанд. Вобаста ба фаъолияти муассисаи мазкур дар соли 2020 бо директори он  Хизматулло Шамсзода суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем:

Муҳтарам Хизматулло Шамсзода, лутфан бигуед, ки айни замон вазъи кадрии Маркази тиббии Шифобахш дар кадом сатҳ қарор дорад?

-“Маркази миллии тиббии “Шифобахш” яке аз сармуассисаҳои калонтарини соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар буда, асоси фаъолияти онро табобат, пешгирии бемориҳои гуногун ва барқарорсозии организми беморон баъди беморӣ ташкил намуда, дар маҷмуъ метавон гуфт, ки он боз чун муассисаи базавии таълимӣ барои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хизмат менамояд.

Айни замон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Шифобахш”  2519 нафар кормандон  фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1519 нафарашонро (60%) занҳо ташкил медиҳанд. Ҳайати  кормандонро 636 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ, 1063 нафар кормандони миёнаи тиб, 608 нафар кормандони хурди тиб ва 212 нафари дигар кормандони қисми маъмурию хоҷагӣ ва муҳосибот  ташкил медиҳанд.

Айни ҳол дар марказ  115 нафар кормандони синну соли нафақа фаъолият доранд, ки аз онҳо 38 нафар дорои маълумоти олӣ, 33 нафар дорои маълумоти миёна ва 44 нафарро  қисми хоҷагӣ ва фаррошон ташкил медиҳанд.

Имрӯз дар марказ 2 нафар доктори илмҳои тиб, 30 нафар номзади илмҳои тиб, 2 нафар дорандаи ордени “Шараф”, 2 нафар дорандаи медали “Хизмати шоиста”, 1 нафар дорандаи медали “Шафқат” ва 112 нафар дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии тандурустӣ” фаъолият менамоянд.

Соли сипаригашта бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино 240 нафар мутахассисони ҷавон барои гузаштани интернатура қабул карда шуданд, ки дар шӯъбаҳои марказ таҳти роҳбарии мудирони шӯъбаҳо қарор доранд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи дониши мутахассисони дорои маълумоти олӣ, дар марказ бо пешниҳоди роҳбарият дар давраи ҳисоботӣ 21 семинар бо иштироки табибон, мудирони шӯъбаҳо ва кормандони кафедраҳо марбут ба масъалаҳои актуалии имрӯза гузаронида шуд. Семинарҳо бо муҳокимаи васеъи иштирокчиён гузаронида шуданд, ки дар раванди семинарҳо мутахассисон, хусусан ҷавонон донишу малакаи худро сайқал доданд.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба беморон дар марказ бо фармоиши директор комиссияҳои доимоамалкунанда ҷиҳати назорати иҷроиши фармоишҳои   мақомотҳои болоӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, истифодабарии протоколҳои клиникии соҳавӣ дар ташхису табобати беморон,  маводҳои дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии полипрагмазия, дуруст ба роҳ мондани пур намудани таърихҳои беморӣ фаъолият намуда истодааст.

Дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат давоми соли 2020 дар марказ чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?

Воқеан, соҳаи ҷарроҳӣ яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи тиб ба шумор меравад, ки нақши он дар барқарорсозӣ ва солимгардонии инсонҳо бағоят калон мебошад. Маҳз ба воситаи ҷарроҳӣ инсонҳо саломатии худро барқарор намуда, ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд. Боиси хушнудист, ки айни замон дар кишвари азизамон бисёр ҷарроҳиҳои мураккаб, ки қаблан гузаронида намешуданд, амалӣ карда мешаванд.

Хушбахтона, давоми солҳои охир дар баробари дигар муассисаҳои тиббии кишвар, дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” низ аз ҷониби табибон амалиётҳои нави ҷарроҳӣ амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» ва устодони кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шӯъбаи ҷарроҳии навзодон ва синну соли ширмаки  муассисаи мазкур дар таърихи тибби тоҷик якумин маротиба амалиёти ҷарроҳии эзофаго-эзофагопластика бо ташхиси атрезияи сурхрӯда бомуваффақият  ва натиҷаи мусбӣ анҷом дода шуд.

Агар ба таърихи тиб назар кунем, ташхиси атрезии сурхрӯда соли 1941 якумин маротиба дар ҷаҳон ва  соли 1955 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз тарафи ҷарроҳи кӯдакона Баиров Гирей Алиевич муваффақона иҷро карда шуд.

Ин намуди ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон аввалин маротиба соли 2019 аз тарафи ҷарроҳони Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” Султонов Шералӣ ва Раҳмонов Шоҳин бомуваффақият гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”, ки махзани илму маърифати соҳаи тибу табобат мебошад, барои пешгирӣ ва табобати дилхоҳ беморӣ тамоми шароити лозима муҳайёст, ки  ин ҳама аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад.

Доир ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ давоми соли 2020 дар муассиса чӣ  иқдомот амалӣ карда шуданд?

-Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар бомаром идома доранд.

Имрӯзҳо корҳои ободонӣ, махсусан, таъмиру тармими роҳравҳо ва шинонидани гулҳои мавсимӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Шифобахш” идома доранд.

Давоми соли 2020 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар  аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва бо дастгирии мудирони шӯъбаҳо ва мутахассисони марказ як қатор корҳои азнавсозӣ, таъмир ва тармими як қатор шӯъбаҳои марказ ба анҷом расонида шуданд.

Дар ин давра китобхонаи марказ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, фарш ва лампаҳои бино иваз карда шуда, даромадгоҳи китобхона ба таври замонавӣ азнавсозӣ карда шуд.

Имрӯз барои табиби тоҷик тамоми шароити лозима муҳайё мебошад, ки моро танҳову танҳо хизмат ба халқу Ватан мемонаду бас. Боқӣ, тамоми таҷҳизоту доруворӣ дар хизмати табибон қарор доранд, ки кулли табибон сипосгузор аз Пешвои муаззами худ мебошанд.

Барои чунин як суҳбати самимӣ ба Шумо изҳори миннатдорӣ баён менамоем ва бароятон дар соли 2021 бурдбориву муваффақият хоҳонем.

 Суҳбаторо Хусрав Шоҳсаидов

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,196
  • 1,168
  • 841,682