Давоми рӯзҳои 21 ва 22 июн дар Тоҷикистон 32 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Давоми рӯзҳои 21 ва 22 июн дар Тоҷикистон 32  ҳодисаи нави бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Июн 22
17:48 2021

Тавре иттилоъ дорем, дирӯз, 21 июни соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷой доштани ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони мамлакат ба бемории коронавирус иттилоъ дод.

Дар ин робита, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки   санаи 21 июн 17 ҳолат ва 22 июни соли равон 15 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандони  мамлакат ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 22 июн  дар кишвар 13340 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 306
  • 1,105
  • 843,160