“Суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон -лоиҳаи қаблии маълумотномаи таҳлилӣ”

“Суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон -лоиҳаи қаблии маълумотномаи таҳлилӣ”
Ноябр 02
09:02 2021

1 ноябри соли 2021 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дар меҳмонхонаи “Ҳайт Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон -лоиҳаи қаблии маълумотномаи таҳлилӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, сардорони раёсату шуъбаҳои вазорат ва  намояндагони  вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, адлия, меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, кумитаҳои давлатии андоз, сармоягузорӣ ва идораи амволди давлатӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва намояндагони шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Мизи мудавварро  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода  ифтитоҳ намуда, доир ба масъалаи мазкур мухтасар суханронӣ намуд.

Баъдан Хонум Миря Шёблом, иқтисодчи калон/роҳбари гурӯҳи портфолиоии тандурустӣ, ғизо ва аҳолии минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Инчунин, дар мизи мудаввар Зин-Эддин Эль Идрисс, иқтисодчии пешбар оид ба соҳаи тандурустӣ, доктори илмҳои иқтисод машваратчии Бонки Умумиҷаҳонӣ вобаста ба мавзуи “Суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон-лоиҳаи қаблии маълумотномаи таҳлилӣ” баромад намуд. Ҳамчунин аз тарафи мутахассиси мазкур вобаста ба самтҳои ворид намудани суғуртаи тиббӣ, таҷрибаи дигар давлатҳо дар ин самт ба ҳозирин маълумот пешниҳод  карда шуд.

Пешрафти соҳаи тандурустӣ ба маблағгузорӣ вобастагии зиёд дорад. Дар доираи ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ ворид намудани шаклҳои нави маблағгузории ба замони муосир мутобиқгашта, самти афзалиятноки соҳа мебошад.

Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ  аксарияти муассисаҳои тиббӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, таҷҳизотҳои муосири тиббӣ (ангиография, компютери томографӣ, томографияи магнитию резонансӣ), нақлиётҳои санитарӣ ва дигар лавозимотҳои тиббӣ ворид гардида, нисбат ба солҳои аввали истиқлолият сатҳ ва сифати ташхису табобати беморон беҳтар шуда истодааст ва имрӯз барои ташхис ва табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки дар доираи татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 вобаста ба маблағгузории соҳа як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд, аз ҷумла;

  • Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2015;
  • Нақшаи кӯтоҳмуддати байнисоҳавӣ барои солҳои 2006-2008 оид ба татбиқи “Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2015”;
  • Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018;
  • Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”;
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015 таҳти №827 «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ»;
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 таҳти №252 “Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар шаҳру инохияҳои таҷрибавии Ҷумҳукрии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022”;
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 таҳти №600 “Дар Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ;
  • Барномаи миёнамӯҳлати хароҷотҳои давлатӣ;
  • Дастурамали нави ягона ҷиҳати пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол санади меъёрию ҳуқуқӣ, ки маблағғузории соҳаи тандурустӣ дар асоси он фаъолиятро пеш бурда истодааст, ин “Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” мебошад, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2019, №394 тасдиқ гардидааст.

Дар охир аз рафти кори музи мудаввар намояндагони вазоратҳои молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, адлия, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва иқтисодчиёни Бонки Умумиҷаҳонӣ суханронӣ карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 181
  • 1,263
  • 841,930