Усулҳои нави табобат дар вилояти Хатлон

Усулҳои нави табобат дар вилояти Хатлон
Январ 28
14:26 2019

Соли 2018  дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон, аз ҷумла дар Маркази саломатии шаҳри Бохтар ба таври амбулаторӣ амалиёти ҷарроҳии гипоспадия ва дар Маркази ҷарроҳии вилояти Хатлон ҷарроҳии “трепанасия, устухонтармим бо гирифтани менингиомаи мағзи сар” ба роҳ монда шуда, дар шуъбаи гӯшу гулӯ ва бинӣ ҷарроҳии бодомакбурӣ ва риносетотерапия бо беҳсозии умумии эндотрахеалӣ гузаронида шуд.

Дар шуъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи клиникӣ ба номи Б.Воҳидови  вилоят бо усули лапароскопӣ бурида, васлсозии рӯдаи «Сигмашакл» ҳангомии бемории «долихосигма», а) найчагузории роҳи талхарав бо усули лапарскоп ҳангоми сангҳои найчаи талхарав, б) гузоштан ва гирифтани стенҳо дар роҳҳои пешобрав, в) истифодаи пайвандакҳои қулфакдор (блокирующий штифт) хатари шикасти устухонҳои  рон  ба роҳ монда шуд.

Дар Муассисаи давлатии Беморхонаи ҷумҳуриявии  ноҳияи Данғара усулҳои пайвандсозии гурдаҳо ва узвҳои инсон, ҷарроҳии пластики рекоструктивӣ, пайвандсозии пайванду буғумҳо, ҷарроҳӣ дар сутунмӯҳра, ангиография, гузоштани стен дар дилу рагҳо, ҷамъ 850 нафар ҷарроҳӣ карда шуданд, ки аз онҳо ба 25 нафар бемор пайвандсозии гурдаҳо, ба 150 нафар ҷарроҳиҳои ринопластика ва секторинопластика, ба 15 нафар ҷарроҳиҳои чашм, ба 30 нафар ҷарроҳиҳои бартараф намудани контрактураи  ангуштон ва ҷарроҳиҳо ҳангоми бемориҳои рагҳои хунгард ба 354 нафар гузаронида  шуданд. Инчунин, дар Маркази бемориҳои чашми вилояти Хатлон усули нави ҷарроҳии дакрисисториностомия  барои бемориҳои ашкбарор ба роҳ монда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2021
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 598
  • 682
  • 522,146