Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
____________________________________________________________________________________
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №510 “Дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2021» бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

Дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон – тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.

Қисми поёни рақам ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата, агрегати НБО, обпарто ва нақб – ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд.

Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбад.
Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва кӯҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» васеъ истифода баранд.

Рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (JPG)

Рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (PSD)

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 417
  • 359
  • 426,394