Машварати расмии шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» (Саммит-8, 2018)

Машварати расмии шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» (Саммит-8, 2018)
Ноябр 03
14:34 2018

Чунонки қаблан хабар дода будем, 2 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи Душанбе-Плаза” машварати расмии Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»  баргузор гардид.  Дар кори ҷаласа намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ,  намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон,  Шарикони ҳамкор оид ба рушд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва доираи васеи рузноманигорон иштирок намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки зимни Саммит-8 дастовардҳои умумӣ ва мушкилоти татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва саҳми шарикони рушд таҳлил карда шуданд.

Ҷаласа бо пахши суруди касбии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро хайра мақдам гуфт. Сипас бо сухани табрикотӣ Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Азим Иброҳим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббию санитарӣ  ба аҳолӣ дар доираи татбиқи стратегияву барномаҳои  миллӣ бо  мақсади пешгирии ташхис ва  муолиҷаи бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои ишемиявии дил, саратон, осеббардорӣ, беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ, диабети қанд ва хусусан, бемории ВНМО  ва сил тадбирҳои муассир андешида,  ҳамаи кӯшишу ғайрати худро барои сари вақт  ва самаранок  амалӣ гардонидани онҳо  равона гардонида истодааст.

 

Ҳамчунин дар ҷаласа Игор Поканевич, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи  “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”  корҳои мушаххасе анҷом дода шуданд ва ин ҳамкориҳо минбаъд низ идома меёбанд.

Оид ба дастовардҳои системаи тандурустӣ дар марҳилаи солҳои 2010-2018, амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”  Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ суханронӣ намуд.

Воқеан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018  барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббию иҷтимоии муосир ва муқтадир корҳои муайяне ба анҷом расонидааст, ки рушди хизматрасонии тиббӣ ва ташаккул додани соҳаи фарматсевтии кишвар бо дарназардошти дастовардҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон, ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат, татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ, омӯзиш ва андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои хизматрасонии маъюбон ва солимгардонии онҳо, мукаммалгардонии сохторҳои системаи тандурустӣ, такмили сиёсати кадрӣ ва ҷобаҷогузории кормандони соҳаи тандурустӣ ва компютеризатсиякунонии самтҳои мухталифи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ғайра бахше аз ин масъалаҳоянд.

Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин такмил ва рушди кумаки аввалияи тиббию санитарии ба тибби оилавӣ асоснокшуда ба шумор меравад. Бо ин мақсад дар соли 2018 гурӯҳҳои кории вилоятӣ оид ба ворид ва идора намудани раванди бизнеснақшагирӣ дар шабакаи муассисаҳои КАТС- вилоятҳо (Хатлон, Суғд, ВМКБ) омӯзонида шуданд.

Дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ», марказҳои вилоятӣ ва шуъбаҳои байниноҳиявӣ 804 нафар кормандони тиб (82 нафар табиб ва 722 нафар корманди миёнаи тиб) даври бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ хатм намуда, ба ҷойҳои кории худ баргаштанд. Бояд қайд намуд, ки 643 бозомӯз, аз онҳо 91 нафар табиб, 522 нафар корманди миёнаи тиб даврҳои бозомӯзиро идома дода истодаанд.

Дар маҷмӯъ айни ҳол шумораи табибони оилавии омӯзонидашуда дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 4334 нафар (81,2%, талабот 5333 нафар) ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 8077 нафарро (75,7%, талабот 10 667 нафар) ташкил медиҳанд.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар раванди рушди тибби оилавӣ бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи Федератсияи Россия, Украина, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва ба имзо расонида, айни замон гуфтушунидҳо бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тибби оилавӣ (WONCA) ва Коллеҷи табибони оилавии Британияи Кабир идома доранд.

Дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ зиёда аз 50 лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, айни ҳол дар сатҳи баррасии ниҳоӣ қарор доранд.

Бо мақсади мукаммал намудани хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакони навзод 5 адад протоколҳои клиникии давраи навзодӣ боздид гардида, баҳри беҳтар намудани сатҳи ғизодиҳии кӯдакон “Дастурамали табобати кӯдакони гирифтори норасоии ғизои дараҷаи вазнин ва миёна” таҳия ва тасдиқ шуданд ва аллакай даврҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд.

Таъмини устувори ғизои мактабӣ яке аз афзалиятҳои фаъолияти вазорат буда, 28 апрели соли 2018 «Нақшаи амал оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба имзо расонида, он дар 50 мактаби вилояти Хатлон ва водии Рашт татбиқ мешавад.

Дар соли 2018 ҷиҳати таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин кӯдакони ятиму бесарпараст ва оилаҳои камбизоат тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Бо дарназардошти зарурияти истеҳсолӣ, ҳамзамон афзалият бахшидан ба истифодаи васеи гиёҳҳои шифобахш, алалхусус, гиёҳҳои ватанӣ, раванди таҳия ва мавриди боздид қарор додани дастурҳои клиникӣ идома дода, дар самти пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои чашм, дилу рагҳо, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои асаб ва токсикология дастурҳои клиникӣ боздид ва бо фармоишҳои алоқаманди вазорат тасдиқ гардиданд.

Дар раванди пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб ва дар ин самт паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ” дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2827 занон аз ташхиси фаросавтӣ гузаронида шудаанд.

Барои таъминоти ниёзмандон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ ва воситаҳои тавонбахшӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 511 адад аробачаҳои гуногуни маъюбӣ, 196 адад асо, 227 дона асо барои нобиноён, 136 ҷуфт асобағал, 223 адад асобағал то оринҷ, 40 дона дастгоҳи шунавоӣ, 76 ортез ва 15 адад роҳравак ба ниёзмандон дастрас карда шудааст.

Бо ҷалби мутахассисон «Корвони саломатӣ» ташкил ва ба шаҳрҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон ва ноҳияи Рашт сафарбар карда шуданд. Дар баробари ташхису муоина ва тавсияи мутахассисон гурӯҳи корӣ таҳти шиори «Аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гузар, аз солимии худ огоҳ бош» дар байни аҳолӣ сӯҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Масъалаи пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи беморони гирифтори гепатитҳои вирусӣ, ки яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, мавриди нигаронии соҳа қарор дошт, дар ин самт аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ бо қарори Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» таҳия шуда, фаъолият дар ин самт рафта истодааст.

Дар қисмати дуюми ҷаласа Дилором Содиқова, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар хусуси Гурўҳи кории техникӣ оид ба қисмати “Идоракунӣ” ҳисобот дод. Ҳамчунин, оид ба мавзуи “Аҳамияти ғизо дар ҳошияи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кўдакон ва танзими оилаи Вазорат Ш. Раҳматуллоев, дар хусуси “Раванди татбиқи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2016-2020” сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2016-2020” Қ. Қурбонов, оид ба “Таҷрибаи аввалини ҷорӣ намудани дастури “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои солимӣ” муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Пиров Д., оид ба “Таҳлили пешакии натиҷаҳои амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” сардори шуъбаи таҳлили сиёсати тандурустии Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи тибби профилактикӣ”-и Вазорат Р. Тоҳиров, “Дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ): шарҳи мухтасари ҷараёни таҳияи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии Вазорат И. Маҳмудзода ва дигарон баромад намуданд.

Дар охири машварати расмии шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи  миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» резолютсияи он қабул гардид.

Бояд зикр намуд, ки  дар ҷараёни ҷаласаи  шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи  миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» бо доираи васеи рўзноманигони васоити ахбори умуми кишвар нишасти матбуотӣ баргузор карда шуд, ки ба саволҳои онон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Камолзода, сардорони раёсатҳои Вазорат ва роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон И. Поканевич посух гуфтанд.

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 439
  • 1,263
  • 842,188