ХАЙРА МАҚДАМ БА ДУШАНБЕ! Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — мизбони Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё

ХАЙРА МАҚДАМ БА ДУШАНБЕ! Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — мизбони Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
Июн 13
08:42 2019

15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи сарони давлатҳои иштироккунанда, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр насб гардидаанд.

Дар ҳошияи кори ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштироккунанда  ҷиҳати баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мулоқот мекунанд.

Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе шароити мусоидро барои баргузории вохӯриҳои дуҷонибаи сарони давлатҳои иштироккунанда фароҳам меорад.

Барои иштирок дар кори ҳамоиши мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои узв, аз қабили Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун,  Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея,  Қирғизистон, Муғулистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва кишварҳои нозир, аз ҷумла Беларус, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Америка, Япония, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналамилалии нозир, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмони шарик — Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба ҳам меоянд.

Ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ,  рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА,Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Русия, Ироқ, Иттиҳоди Аврупо ва ғайра инъикос мекунанд.

 Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст.

Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Мақоми олии қабули қарор нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв буда, он дар чор сол як бор баргузор мегардад.

Охирин ҳамоиш 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.

Раёсат дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашта буд.

Кохи Наврӯз  макони асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО буда, дар он маркази матбуотӣ ташкил шуда, марказ бо таҷҳизоти муосир барои пӯшиши рафти  кори иҷлос муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар Маркази матбуотӣ ҷиҳати дастрасии намояндагони ВАО-и дохилӣ  ва хориҷӣ  бо маводи ҳамоиш ду монитори калон барои пахши мустақими рафти чорабинӣ ва сабти ҷаласа бо формати HD насб шуда, инчунин дастгоҳҳои шунидани тарҷумаи ҳамзамон бо чанд забони хориҷӣ таъмин гардидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,113
  • 1,168
  • 841,599