Вазъи шароити шаҳрвандони дар карантин қарор дошта баррасӣ гардид

Вазъи шароити шаҳрвандони дар карантин қарор дошта баррасӣ гардид
Март 25
17:26 2020

Бегоҳии имрӯз, 25 марти соли равон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва ҷиҳати боз ҳам андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарон ва сардорони як қатор муассиса ва раёсатҳои тандурустӣ иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки айни замон масъалаи пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID- 19) дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шудааст, ки  Роҳбарии ситод ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вогузор шудааст.

Ҳамзамон, дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллӣ барои пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодаанд.

Аз ҷумла, ҳамрӯза дар  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷалсаи ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ду маротиба баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбутаи сирояти коронавирус, аз ҷумла андешидани чораҳои пешгирикунандаи он  мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Пасон, оид ба шумораи нафароне, ки то имрӯз дар беморхона ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд,  Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир дастгоҳи марказии  вазорат Шарипов Шайдулло маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 1  феврал то 25 марти соли равон 5460  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида  2002 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3458  нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  ба карантин фаро гирифта шудаанд. Дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда 107 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки масъалаи пешгирии сирояти коронавирус танҳо вазифаи соҳаи тандурустии мамлакат набуда, балки саҳми дигар сохторҳои давлатиро низ тақозо менамояд.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, аз ҷумла  захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ, муҳайё намудани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва дигар масъалаҳои марбута ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҳисобот доданд.

Пас аз шунидани ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ва андешидани чораҳои қатъӣ бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба кишвар ва дигар масъалаҳои вобаста аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз, 25 марти соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо новобаста ба ин, чораҳои пешгирикунандаи он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,028
  • 1,263
  • 842,777