COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Дар ИМА шумораи гирифторони коронавирус беш аз 700 ҳазор нафар гардид

COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Дар ИМА шумораи гирифторони коронавирус беш аз 700 ҳазор нафар гардид
Апрел 18
08:07 2020

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) шумораи шахсони гирифтор ба намуди нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 32 ҳазору 165 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 710 ҳазору 21 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дошда, шумораи беморони шифоёфта ва фавтида дар он мутаносибан 37 ҳазору 158 нафар ва 60 ҳазору 510 нафарро ташкил медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин Испания (190 839 нафар), Италия (172 434), Франсия (147 969), Германия (141 397), Британияи Кабир (108 692), Чин (82 719), Эрон (79 494), Туркия (78 546) ва Белгия (36 138) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар Германия – 83 114 нафар, Чин — 77 029, Испания – 74 797, ИМА – 60 510, Эрон – 54 064, Италия – 42 727, Франсия – 34 420        , Швейтсария – 16 400, Бразилия – 14 026 ва Канада – 10 543 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (37 158), Италия (22 745 нафар), Испания (20 002), Франсия (18 681), Британияи Кабир (14 576), Белгия (5 163), Эрон (4 958), Чин (4 632), Германия (4 352) ва Нидерланд (3 459) дохил мешаванд.

Мувофиқи маълумоти СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 250 ҳазору 757 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 154 ҳазору 262 нафар вафот карда, 571 ҳазору 145 кас шифо ёфтаанд ва 57 ҳазору 136 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

СУТ 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

ДАР АКС: Дар ИМА бемори гирифтори коронавирусро ба беморхона мебаранд.

 АКС аз БРАЙАН СНАЙДЕР/РЕЙТЕР

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 99
  • 136
  • 343,309