COVID-19: ИМА аз рӯи шумораи мубталоён аз Чин пеш гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон беш аз ним миллион нафар гардид

COVID-19: ИМА аз рӯи шумораи мубталоён аз Чин пеш гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон беш аз ним миллион нафар гардид
Март 27
07:21 2020

Ба ҳолати субҳи 27 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 аз 500 ҳазор нафар гузашта, ҳоло  532 224 касро ташкил медиҳад. Шумораи фавтидагон беш аз 24 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, 124 ҳазор нафар мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА аз Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, пеш гузашт. Теъдоди мубталоён дар ИМА 85 594 нафарро ташкил медиҳад.

Чин дар ҷои дуюм қарор дошта, дар он то имрӯз 81 340 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм буда, дар он 80 589 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 8 215 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 57 786, Германия — 43 938, Эрон — 29 406, Франсия — 29 155, Швейтсария — 11 811, Британияи Кабир — 11 658 ва Кореяи Ҷанубӣ — 9 332 ба қайд гирифта шудааст.

СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз DW

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 273
  • 1,189
  • 279,273